Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, акс аз бойгонӣ

Путин пешниҳод кард, ки 31 декабр истироҳат эълон шавад

317
(Таҷдидшуда 19:58 23.12.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳод кард, ки 31 декабр дар манотиқи кишвар рӯзи истироҳат эълон карда шавад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Путин дар пайи пешниҳоди вакили парлумон, Сергей Неверов барои эълони 31 декабри соли 2020 рӯзи истироҳати умумирусиягӣ, ба волиҳои вилоятҳои Русия муроҷиат кард.

Ба гуфтаи Путин, зарур аст, ки 31 декабр дар тамоми Русия рӯзи истироҳат эълон карда шавад, аммо дар сатҳи федералӣ амалӣ кардани ин кор феълан ғайриимкон мебошад.

"Зарур аст, ки ин ташаббус дастгирӣ ёбад, дар сатҳи федералӣ ин кор феълан ғайриимкон мебошад, аммо минтақаҳо метавонанд ин корро анҷом диҳанд”, - изҳор дошт Путин зимни ҷаласа.

Дар Русия рӯзи охири сол расман истироҳатӣ нест, бинобар ин кормандони идораю ташкилотро зарур аст, ки тибқи реҷаи муқаррарӣ кор кунанд.

Баҳсҳо атрофи таътил эълон шудани 31 декабр солҳо боз давом дорад. Ин масъала баъди он мубрам шуд, ки Сергей Жвачкин, волии вилояти Томск рӯзи кориро дар вилоят аз 31 декабр ба шанбеи охири моҳ гузаронд.

Лоиҳаи қонун дар бораи таътил эълон кардани 31 декабр борҳо ба парлумон ворид шудааст, аммо то ҳол қабул нагардидааст.

317
Барчаспҳо:
истироҳат, Путин, Тоҷикистон
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

56
(Таҷдидшуда 12:08 16.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар ИМА Рӯзи озодиҳои динӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ-инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

56
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих
День 15 января

Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих

200
(Таҷдидшуда 11:33 15.01.2021)
Бист сол пеш, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар мавриди кӯч додани оилаҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вилояти Хатлонро имзо кард

Рӯзи 15 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1826 дар Порис аввалин шумораи рӯзномаи "LeFigaro" нашр шуд.

Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.

 

Спартакиада в честь алмазного юбилея
© Sputnik Ситдиков Рамиль
Спартакиада в честь алмазного юбилея

 

Соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.

Соли 2001 "Википедия"- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.

Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ  ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.

Рӯзи 15 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО "Хоруғ" ба истифода дода шуд.

 

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

 

Соли 2001 — Эмомалӣ Раҳмонов Қарор "Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.

Соли 2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.

Соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" ба шаҳри Маскав сафар кард.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд.

 

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Гости и участники форума предпринимателей

 

Соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.

Соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.

 

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали
пресс-служба мэрии Душанбе
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 15 январ

  • Дар Ҷопон – Рӯзи бузургсолон.
  • Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.
  • Дар Нигерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи хотирот.

Рӯзи 15 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1962 — Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

200
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

0
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин