ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, Файзулло Урозов, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст.
Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талафоти барзиёди неруи барқ роҳ додааст.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловатт-соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.
Манбаъ меафзояд, аввали моҳи декабр танҳо дар натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани як санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд.
"Шаҳрванд Шодӣ Бобоёров дар манзили иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ неруи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии номбурда қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задани ҳодисаҳои нохуш сабаб гардад.
Инчунин, тавре пегтар хабар дода шуд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор гардид, ки марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб дар хонаи истиқоматиаш дӯкони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ фаъолият доштааст.
Ӯ дар давоми 6 моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497 сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.
Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Соли 1826 дар Порис аввалин шумораи рӯзномаи "LeFigaro" нашр шуд.
Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.
Соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.
Соли 2001 "Википедия"- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.
Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.
Соли 1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО "Хоруғ" ба истифода дода шуд.
Соли 2001 — Эмомалӣ Раҳмонов Қарор "Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.
Соли 2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.
Соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" ба шаҳри Маскав сафар кард.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд.
Соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.
Соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Соли 1962 — Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Собиқ муҳаррири портали Baltnews.lv Андрей Яковлев дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки чӣ гуна ӯро барои ҳамкорӣ бо Россия Сегодня боздошт карданд.
Ин навбат назди рӯзноманигор на сантехникҳои қалбакӣ, балки нафароне омаданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуданд. Фақат дар замони пандемия онҳо бидуни пӯшидани ниқоб вориди манзили хабарнигор шуданд.
ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст
Яковлев гуфт, ки ӯ ВАО-и Baltnews.lv-ро комилан аз рӯи қонун таъсис дод, аммо пас аз расман интиқол ёфтани ВАО тавассути Феҳристи давлатии Латвия, рӯзноманигорони маҳаллӣ тавонистанд фаъолияти худро қонунӣ анҷом диҳанд. Собиқ муҳаррир қайд кард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси норозигии кишвар гардид.
Яковлев гуфт: "Ин усулҳои ошкорои репрессивӣ мебошанд, ки озодии ВАО-ро маҳдуд мекунанд". Як ҳамкораш афзуд, ки тибқи ҳамон мантиқ, Русия метавонад алайҳи Би-Би-Си таҳримот ҷорӣ кунад.
Муаллифи русзабон гуфтааст, ки кормандони оперативӣ "ҳама чизро, ҳатто чизҳои тамоман нолозим аз қабили модем ва роутерро ҳам мусодира карданд".
"Инҳо амалҳои методӣ ҳастанд, ки ҳар гуна нуфузи Русияро решакан мекунанд. Кӯшиши тоза кардани майдони иттилоотӣ ва хориҷ кардани ақидаи алтернативӣ аз роҳ, ки ҳадди ақалл чоряк аср астҷамъоварӣ шуд, амалӣ карда мешавад", - гуфт Яковлев.
Намояндаи ВАО таъкид намуд, ки Латвия аз ин амал ягон фоида ба даст наовард.
Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.
Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.
Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд. Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.
Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст.
Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.
Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард
Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.