Скорая помощь, архивное фото

"Бесабаб бо ман ҷанҷол карданд": ҷавоне аз Хоруғ ҳодисаи кордкаширо шарҳ дод

169
(Таҷдидшуда 11:39 28.12.2020)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи кордкаширо дар шаҳри Хоруғ аз қавли ҷавони ҷабрдида шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай,  санаи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи С.Насиллобеки ҳамин шаҳр бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Додгоҳи олӣ ҳукми марде, ки бо 13 зарби корд ҳамсарашро кушт, эълон кард

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинон ҳамин шаҳр бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

169
Барчаспҳо:
кордкашӣ, боздошт, ҷавонон, Хоруғ, Тоҷикистон
Морозы в Москве

Сардии то 30 дараҷа дар Саратов: дарси кӯдакони то синфи 6 лағв шуд

51
(Таҷдидшуда 18:06 17.01.2021)
Раёсати вазорати маорифи Саратов тасмим гирифтааст, ки дар робита ба сардиҳои шадиди ҳаво кӯдакони синфҳои аз 1 то 6 - ромуваққатан аз дарсҳо озод намояд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи душанбе бо сабаби сардиҳои шадид дарсҳои хонандагони синфҳои якум то шашуми мактабҳои Саратов лағв карда шуданд, хабар медиҳад кумитаи маорифи ҳукумати шаҳр.

"Бо сабаби сард шудани ҳаво дар рӯзи 18 январ, дарсҳо барои хонандагони синфҳои якум то шашуми бастҳои якум ва дуюми Саратов бекор карда шуданд. Ҳайати омӯзгорон тибқи ҷадвал кор мекунанд", - омадааст дар иттилоия.

Муайян карда шудааст, ки агар дарсҳо дар мактабҳо бекор карда шаванд, истифодаи технологияҳои фосилавӣ, манбаҳои интернетии муассисаҳо, инчунин гузаронидани дарсҳои инфиродӣ ё гурӯҳӣ бо кӯдаконе, ки волидонашон бинобар шуғли онҳо наметавонистанд онҳоро дар хона гузоранд.

Пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии якбораи ҳаво дар охири январ: аз -35 дараҷа то -18

Тибқи иттилои ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар вилояти Саратов шаби душанбе дар баъзе ҷойҳо ҳарорат то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона то 15-20 дараҷа паст мешавад.

Айни замон дар Саратов дамои ҳаво 13 дараҷа хунук аст.

51
Барчаспҳо:
лағв, дарс, сардӣ, ҳаво, вилояти Саратови Русия
Президент Дональд Трамп

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

394
(Таҷдидшуда 12:26 17.01.2021)
Қаблан дастрасии Доналд Трамп кишвардори Амрикоро ба чандин шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд намуданду Конгресс ӯро импечмент кард. Илова бар ин нақше, ки ӯ дар филми "Дар хона танҳо" бозида буд, низ қайчӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли таҳриршудаи филми машҳури "Дар хона танҳо" роҳ ёфт, ки лаҳзаи нақшофарии Доналд Трамп аз он ҷо қайчӣ шудааст.

Дар шакли аслии ин филм, қаҳрамони асосӣ вориди меҳмонхонаи Plaza шуда, аз Доналд Трамп пурсон мешавад, ки ба миёнасарой чӣ гуна роҳ ёбад.

Ҳоло, дар шакли таҳриршудаи филм, Трампро аз кадр тоза ва овозаш низ пахш шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки Кевин бо одами ноаён сӯҳбат мекунад.

Худи қаҳрамони филм Маколей Калкин низ шакли навро дастгирӣ намуда, зери навори интишоршуда, "Офарин" навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Амрико пас аз эътирозҳо ва забти Капитолия аз ҷониби тарафдорони Трамп, мардум алайҳи ӯ ба шӯр хест.

Гузашта аз ин, Конгресс Доналд Трампро импечмент эълон кард.

Кишвардори феълӣ ҳарчанд яке аз номзадҳои калидӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар буд, аммо дар сабқат натавонист пирӯзӣ ба даст орад.

Трамп Кохи Сафедро субҳи рӯзи чаҳоршанбе тарк хоҳад кард

Ӯро Ҷо Байден бо ба даст овардани аксари орои мардум шикаст дод ва рӯзи 20 январ маросими савгандёдкунии ӯ баргузор мешавад.

394
Барчаспҳо:
навор, филм, Доналд Трамп

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

0
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

0
Барчаспҳо:
Эрон