День 30 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

108
(Таҷдидшуда 19:24 29.12.2020)
Рӯзи сиюми декабр дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард

Рӯзи 30 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1918 Ҳизби коммунистии Олмон таъсис ёфт.

День 15 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон тарзи коркард ва гирифтани каучук амалӣ гардид.

Соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ пешниҳоди ИМА-ро оид ба нақшаи назорат аз болои ин соҳа ба тасвиб расонид.

Соли 1949 Фаронса истиқлолияти Ветнамро эътироф кард.

Соли 1953  дар ИМА аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.

Телевизор, архивное фото
© Flickr / flash.pro
Телевизор, архивное фото

Соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ карда шуд.

Рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард.

День 14 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2008 ҳафтаномаи "Курьер Таджикистана" натиҷаи назарсанҷӣ миёни  роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.

Соли 2009 байни Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Сарварони ду кишвари дӯст вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуда, дар бораи рушду густариши минбаъдаи он муфассал мубодилаи афкор намуданд.

Соли 2010 хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки донишҷӯёни ин вилоят гирандаи стипендияи ба номи Д.И.Менделеев гардиданд, ки ташкилкунандаи он Фонди рушди «Институти тадқиқоти Авруосиёӣ» дар Федератсияи Русия мебошад.

Соли 2013 дар Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр

  • Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 30 декабр кӣ ба дунё омадааст

Сарвар Азимӣ (1965)- нависанда.

Саломон Баркаган (1890 – 1968) – доктори илми тиб, профессор.

Бӯриниссо Бердиева (1927-1998)- собиқадори матбуот.

Николай Ершов (1904 – 1981) – этнограф, луғатшинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳасан Каримов (1946) – доктори илмҳои физикаю математика.

Ҳайдаршо Пирумшоев (1944) – доктори илми таърих, профессор.

Саид Раҳабов (1926)- доктори илми ҳуқуқ.

Абдукарим Холиқов (1947 – 2000) – доктори илми техникӣ, профессор.

Иқболшо Хушвахтов (1932 – 2000) – иқтисодшинос, профессор.

Муқаддасхон Шайдуллоев (1951) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.Шарифов (1951)- нависандаи таърихнигор.

Муртазо Зайниддинов (1958)- номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос.

108
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тавсия Малишева пас аз даргузашти Грачевский: "одамони гурӯҳи хатар ҳатман ваксина гиред"

14
(Таҷдидшуда 14:07 18.01.2021)
Пизишк ва муҷрии барномаи "Жить здорово!" пас аз даргузашти  Борис Грачевский ба тамоми шаҳрвандони Русия тавсия додааст, ки ҳатман ваксина гиранд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Елена Малишева пизишки рус дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Русия даъват намудааст, ки алайҳи коронаиврус ҳатман вакина гиранд.

Ӯ чунин муроҷиатро пас аз ҳузураш дар маросими видоъ бо коргардон ва мудири кинохроникаи ҳаҷвии бачагонаи “Ералаш” Борис Грачевский ироа намудааст.

Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд

Малишева таъкид намудааст, ки Грачевский ба намуди шадидтарини саратон – меланома ва дигар маризиҳо гирифтор буд.

Ӯ даъват кард, ки ҳар кас бояд дар бораи ояндаи худ ва саломатияш фикр кунад, аз ҷумла нафароне, ки бемории музмин доранд.

"Махсусан, нафароне, ки ба гурӯҳи хафв шомил мешаванд, ҳатман бояд алайҳи коронавирус эм гиранд", - афзудааст Малишева.

Ёдовар мешавем, ки Борис Грачевский рӯзи 14 январ дар синни 72 – солагӣ даргузашт. Марҳум мубталои коронавирус шуда, муддате дар бемористон бистарӣ буд.

14
Первая в мире вакцина от коронавируса

Расонаҳо мушкилот ва тафсилоти тасдиқи ваксинаи Pfizer - ро ошкор карданд

103
(Таҷдидшуда 13:29 18.01.2021)
Дар интернет мукотибае паҳн шуд, ки дар он тафсилоти тасдиқи ваксинае, ки комиссия аз он норизо буд, дида мешавад

ДУШАНБЕ, 18 январ - Sputnik. Агентии доруҳои урупоӣ (EMA) ба фишор рӯ ба рӯ шуд, то ваксини Pfizer-BioNTech -ро пеш аз соли нав эътироф кунад, гарчанде ки ин дору мушкилот дошт, менависад Le Monde.

Нашрияи фаронсавӣ мукотиботи фошшударо тафтиш кард, ки дар он тафсилоти тасдиқи ваксинаи COVID-19 оварда шудааст. Ин ҳуҷҷат аз 20 қисм иборат аст, ки асосан ба  тасдиқи ваксинаи Pfizer-BioNTech марбутанд. Дар ин миён 19 мактубе ҳаст, ки аз 10 то 25 ноябр аз ҷониби кормандони масъули гуногуни агентӣ фиристода шудааст.

Аз ҷумла, яке аз мансабдорони воломақоми EMA дар мукотиба аз як конфронс бо Комиссияи Урупо ёдовар мешавад, ки дар "фазои нисбатан пуршиддат, баъзан ҳатто нохуш баргузор шудааст. 

Рӯзи дигар, худи ҳамон мансабдор дар мукотиба иқрор мешавад, ки аз изҳороти Президенти Комиссияи Урупо Урсула фон дер Лайен ҳайрон шуд, чун ӯ гуфт ду ваксинаро - Pfizer-BioNTech ва Moderna ба таври возеҳ номбар кард, ки то охири сол тасдиқ карда мекунанд.

"Ҳанӯз ҳам ҳарду дору мушкилот доранд", таъкид кардааст мансабдор дар нома.

Ин мушкилот минбаъд дар ҳуҷҷатҳои боқимонда баррасӣ карда мешаванд. Дар натиҷа, моҳи ноябр Агентии Урупо се "мушкили асосӣ"-ро нисбати ваксинаи Pfizer ба миён гузошт: набудани тасдиқ барои баъзе ҷойҳои истеҳсолӣ; норасоии маълумот дар бораи ваксинаҳои тиҷоратӣ; ва муҳимтар аз ҳама, фарқиятҳои сифатӣ байни доруҳои тиҷорӣ ва онҳое, ки дар озмоишҳои клиникӣ истифода мешаванд.

Монеа

Ҳангоми гузариш аз озмоишҳои клиникӣ ба истеҳсолоти тиҷорӣ, раванди истеҳсолот, инчунин сармоягузорӣ ба корхонаҳои нав ва иншоотҳои дигар тағйир ёфтанд. Тамомияти РНК дар ваксинаҳое, ки дар озмоишҳои клиникӣ истифода мешаванд, 69-81 фоизро ташкил дод, яъне маҳз занҷири комил ба пайдоиши сафедаи хӯшаҳо имкон дод. Маълумотҳое, ки аз гурӯҳҳои хатҳои нави истеҳсолӣ ба даст оварда шудаанд, камтарро нишон доданд: ба ҳисоби миёна 59 фоиз. Дар баъзе ҷойҳо, мундариҷаи он то 51-52 фоиз коҳиш ёфт.

Саволе ба миён меояд, ки оё сатҳи пасти РНК метавонад натанҳо ба самаранокии ваксина, балки ба бехатарии он низ таъсир расонад. Тавре ки мансабдор дар номааш қайд кард, масъалаи таркиби РНК аз ҷониби маъмурияти озуқавории ИМА "ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ баррасӣ нашудааст".

Мушкили асосӣ

Баъдтар BioNTech ва Pfizer ба эътирозҳои EMA посух доданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки сатҳи ҳадди аққали РНК дар марҳилаҳои аввали истеҳсолот ба 60 фоиз расонда шавад, то дар маҳсулоти ниҳоӣ ба 50 фоиз нарасад. 

Дар як гузориш, истеҳсолкунандагони ваксинаи Comirnaty мегӯянд, ки ки фарқияти миқдори РНК ба самаранокӣ ва бехатарии маҳсулоти онҳо "набояд таъсир расонад".

Аммо, ин маълумот Агентии Урупоро қоил накард, зеро ҳуҷҷатҳои охирин ва гузоришҳои мавҷуда имкон намедиҳанд, ки "эътирози асосӣ" нодида гирифта шавад.

Баъдтар, шахсе, ки бевосита дар таҳияи ваксинаҳои Pfizer иштирок кардааст, гуфт, ки мушкилот бартараф карда шудааст, аммо барои таҳвили мавод вақти кофӣ набудааст. Агентии Урупо тасдиқ кард, ки баъдтар ин мушкили сифат ҳал шуд. Агентӣ инчунин тасдиқ мекунад, ки мушаххасоти ҳозираи РНК "аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва қобили қабул дониста мешавад.".

Ҳамлаи хакерӣ

Тавре ки Le Monde қайд кардааст, илова бар фишор, агентӣ ба ҳамлаи хакерӣ дучор шудааст, ки натиҷааш ҳуҷҷатҳои паҳншуда дар шабакаҳо мебошад.  Қайд карда мешавад, ки версияи ҷосусии саноатии кибериро истисно кардан душвор аст, алахусус бо назардошти он, ки ҳангоми интихоби ҳуҷҷатҳо ҷинояткорон мазҳз Pfizer - ро интихоб карданд.

Новобаста аз он, ки ҳуҷҷатҳо хонда намешаванд, далелҳо чунинанд: Ваксинаи Pfizer-BioNTech дар ниҳоят аз ҷониби EAL 21 декабри соли 2020, се ҳафта пас аз тасдиқи Бритониё ва ду ҳафта пас аз Иёлоти Муттаҳида тасдиқ карда мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Агентии Урупо сарфи назар аз ҳама чиз, барои ҳалли мушкилоти сифат пеш аз тасдиқ чанд вақтро талаб кардааст. Ин таъхир ҳамчун "аз ҷониби Комиссияи Урупо чандон қобили қабул нест" дониста шуд.

Пештар, Русия аллакай ба манипулясияҳо бо сертификатсияи ваксини Pfizer эътибор дода буд. Намояндаи доимии Русия дар ИА Владимир Чижов қайд кард, ки Агентии доруҳои Аврупо "дастҳояшро печутоб дод", то ин дору рӯзи 21 декабр тасдиқ карда шавад.

103
Барчаспҳо:
фишор, Иттиҳоди Аврупо
Марде дар майдони сохтмонӣ, акс аз бойгонӣ

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

0
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур додааст, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия ба Кабинаи вазирон супориш додааст, ки то 1 март масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо дар замони пандемияро баррасӣ намояд, хабар додааст РИА Новости.

“Путин ба Ҳукумат супориш дод, то 1 март ба масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон расидагӣ кунад”, - таъкид шудааст дар хабар.

Аз ҷумла баррасии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИДМ ба сохтмонҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар назар аст.

Қаблан Путин дар бораи ин масъала изҳор дошт, ки бояд имкон дод, то ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.

Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намуда буд, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд.

Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пешниҳод карда буд. Зикр гардид, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Русия