Добыча угля. Архивное фото

Интиқоли 85 тонна ангиштсанг ба муассисаҳои иҷтимоии Роштқалъа

40
(Таҷдидшуда 10:17 30.12.2020)
Вазорати энергетика ва захираҳои об ба муассисаҳои иҷтимоии Роштқалъа 85 тонна ангиштсанг интиқол дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳамасола муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа аз 500 то 600 тонна ангиштсанг захира  менамуданд. Аммо соли равон аз аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво хеле паст фаромад ва мавсими гармдиҳӣ дар муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ барвақт оғоз ёфт.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

АМИТ "Ховар" аз қавли муовини раиси ноҳия Роза Гуламадшоева менависад,  илова бар ин баъзе аз биноҳои  муассисаҳои навбунёди таъиноти иҷтимоӣ  тавассути бухориҳои барқӣ  гарм карда мешаванд, аммо соли равон ба иллати сардии ҳаво сатҳи оби рӯдхонаҳо паст шуд ва неругоҳҳои вилоят натавонистанд бо иқтидори пурра кор кунанд.

Бинобар ин муассисаҳои мазкур низ барои сарфа намудани неруи барқ  синфхонаву утоқҳои кории худро бо ҳезуму ангиштсанг гарм мекунанд ва аз ин рӯ талабот ба маводи сӯзишворӣ бештар шуд.

Дар ин росто, ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ирсоли як нома аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки дар таъмини баъзе аз муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ бо ангиштсанг ба онҳо кумак намояд.

Ва ҳамин тавр, то имрӯз ба маркази ноҳия 85 тонна ангиштсанг ворид гардида, он сари вақт ба муассисаҳҳои таълимии деҳоти дурдаст низ интиқол дода шуд.

40
Барчаспҳо:
иҷтимоъ, интиқол, ангиштсанг, Роштқалъа
Автомат Калашникова АК-47

Мусодираи силоҳи оташфишон аз сокини Турсунзода: "барои ҳимояи оилаам харидам"- навор

886
(Таҷдидшуда 17:48 21.01.2021)
Кормандони милитсия сокини шаҳри Турсунзодаро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сокини 60 - солаи шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст, ки дар ғайриқонунӣ нигоҳ кардани яроқ муттаҳам дониста мешавад.

Кормандони пулис зимни кофтуков аз болопӯши хонаи сокини Турсунзода як адад автомат Калашников бо 24 дона тир ва ҳамчунин як адад норинҷак дарёфт ва мусодира карданд.

Тауров Маъмурҷон ба кормандони милитсия омили нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро дар манзили худ шарҳ дод.

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

Ба таъкиди ӯ, солҳои 1997 - 98 бо арзиши 300 доллар хариддорӣ карда буд. Ӯ мегӯяд, "ҳадафаш танҳо ҳимояи худ ва фарзандон ҳасту халос".

Гуфта мешавад дар робита ба ин ҳодиса нисбати Тауров тибқи моддаи 195 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Моддаи мазкур ҷарима аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

886
Барчаспҳо:
навор, мусодира, силоҳ, Турсунзода
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана

Файзов дар машварати васеъ аз омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ гуфт ва супориш ҳам дод

241
(Таҷдидшуда 14:15 21.01.2021)
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳузури раиси вилоят Ёдгор Файзов машварати калон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар баробари чанд масоил, ки дар машварати васеъ бо раиси вилоят муҳокима шуд, ҳамчунин масъалаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои котиботи раиси ВМКБ, дар мавриди омодагӣ ба маъракаи баҳорӣ, муовини коммисари ҳарбӣ Давлатбеки Абру ба Файзов ҳисобот дод.

Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд

Зимнан, худи раиси вилоят ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин коммисариятҳои ҳарбӣ супориш дод, ки маъракаи даъвати ҳарбиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Раиси вилоят таъкид намудааст, ки анъанаи дар рӯзҳои аввал иҷро гардидани нақшаи даъватро ҳамоно идома диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ВМКБ давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалкат дар ҳудуди вилоят давоми 1 руз иҷро мегардад.

Навгониҳо дар хизмати ҳарбӣ

Рӯзи гузашта, тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Акнун ҷавононе, ки дар синни хизмат қарор доранд, вале аз хизмат канор мемонанд, метавонанд бо пардохт намудани маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати неруҳои захиравӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Гузашта аз ин, ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.

241
Барчаспҳо:
даъвати ҳарбӣ, супориш, ВМКБ
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

0
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон