День 10 января

Аз таъсиси Ожонси зидди фасод то зодрӯзи Захаров: имрӯз дар таърих

120
(Таҷдидшуда 18:58 08.01.2021)
Рӯзи даҳуми январ ҳамчун Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 10 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1966 Баённомаи Тошканд дар бораи ба низом даровардани муноқишаи соли 1965-ум дар минтақаи иёлати Кашмир ба имзо расид.

Cоли 1984 аввалин маротиба дар давоми як садсола миёни ИМА ва Ватикан муносиботи пурраи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Cоли 1994 дар Брюссел барномаи Паймони шартномаи Атлантикаи шимолӣ  оид ба "Ҳамкорӣ барои сулҳ" қабул карда шуд.

Соли 1946 дар Лондон аввалин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

Соли 1999 дар радиои Спартанбург (Каролинаи Ҷанубӣ, ИМА) рекорди давомнокии озмуни радиоие гузошта шуд, ки давоми 30 соат дар он пай дар пай 3 ҳазору 33 савол дода шуд.

Рӯзи 10 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2014 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соли 2007 бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2009 дар маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ҳисоботи фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт баррасӣ гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 январ

  • Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 10 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1910 – олим, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Сергей Акимович Захаров таваллуд шудааст.

120
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана

Файзов дар машварати васеъ аз омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ гуфт ва супориш ҳам дод

21
(Таҷдидшуда 14:15 21.01.2021)
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳузури раиси вилоят Ёдгор Файзов машварати калон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар баробари чанд масоил, ки дар машварати васеъ бо раиси вилоят муҳокима шуд, ҳамчунин масъалаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои котиботи раиси ВМКБ, дар мавриди омодагӣ ба маъракаи баҳорӣ, муовини коммисари ҳарбӣ Давлатбеки Абру ба Файзов ҳисобот дод.

Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд

Зимнан, худи раиси вилоят ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин коммисариятҳои ҳарбӣ супориш дод, ки маъракаи даъвати ҳарбиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Раиси вилоят таъкид намудааст, ки анъанаи дар рӯзҳои аввал иҷро гардидани нақшаи даъватро ҳамоно идома диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ВМКБ давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалкат дар ҳудуди вилоят давоми 1 руз иҷро мегардад.

Навгониҳо дар хизмати ҳарбӣ

Рӯзи гузашта, тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Акнун ҷавононе, ки дар синни хизмат қарор доранд, вале аз хизмат канор мемонанд, метавонанд бо пардохт намудани маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати неруҳои захиравӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Гузашта аз ин, ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.

21
Барчаспҳо:
даъвати ҳарбӣ, супориш, ВМКБ

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

132
(Таҷдидшуда 12:30 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷориро бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

132
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото

Дар соле, ки марзҳо баста буданд: Русия шумораи муҳоҷирони воридшударо дақиқ кард

0
(Таҷдидшуда 14:21 21.01.2021)
Шаҳрвадони хориҷӣ дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба ҳудуди Русия 70 дар сад камтар ворид гардидаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бо далели пандемияи коронавирус дар Русия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Русия.

Ҳамин тавр, ба Русия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.

Бино бар омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои Осиёи марказӣ - 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.

"Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Бино бар иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф - 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар садомадаанд.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Ёдрас мешавем, дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Русия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.
Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.

Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Русия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.

0