Ғарб пухтааст: COVID -19 Гитлер аст, яъне вақти иттифоқ бо Русия расид

453
(Таҷдидшуда 20:28 11.01.2021)
Рӯзҳои ахир дар ВАО - и кишварҳои Ғарб хабарҳо дар мавриди сареҳияти ваксинаи сохти русӣ зиёд интишор мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ирина Алкснис. Ин хабарҳо дар ҳоле нашр мешаванд, ки қаблан вазъ тамоман дигаргун буд. Зеро Ғарб бо як масхара Маскавро ба он муттаҳам кард, ки чизеро эҷод карда наметавонанд. Сипас хабарҳо дар мавриди хатарзо будани ваксинаи "Спутник V" мунташир мешуд ва гӯё ин ваксин дар кӯтоҳтарин муддат ва бидуни гузаштан аз марҳилаи пурраи озмоишӣ ба истеъмол бароварда шуд.

Аммо, ногаҳон Bloomberg маводеро нашр кард, ки дар он рӯзноманигор Сэм Фасели сабабҳои эътимод ба "Спутник V" -ро номбар кард.

Хабарнигори New York Times дар Маскав Эндрю Крамер бошад, на танҳо доруи Русияро ситоиш карда, онро "дастоварди воқеӣ" номид, балки худ низ ваксина гирифта дастрасии ҳамагон будани онро махсус қайд кард.

Дар маҷаллаи бритониёии Spectator як мақолаи комилан аҷибе нашр шуд, ки сабаби он хабари тамоси телефонии Владимир Путин ва Ангела Меркел буд, ки имкони тавлиди ваксини Русия дар Олмонро баррасӣ карданд.

Муаллифи мавод COVID-19-ро бо Гитлер муқоиса намуда, тавзеҳ дод, ки аз ҳамон вақт - тақрибан 80 сол пеш - Ғарб, ки аз ҷониби Черчилл ва Рузвелт муаррифӣ мешуданд, бо Сталин бар зидди душмани умумӣ муттаҳид шуданд, пас ҳозир ҳам бо ҳамин роҳ рафтан ҳеҷ бадие надорад.

Самаранокии воксинаи “Спутник V” исбот шуд, аммо Ғарб онро қабул надорад: чаро? - видео

Шарикони ғарбӣ, солҳои зиёд ба саъми аудиторияи худ мерасонанд, ки "Сталин аз Гитлер беҳтар нест ва ИҶШС дар баробари рейхи сеюм барои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ масъул аст".

Чанд рӯз пеш сафири Бритониё дар Иёлоти Муттаҳида Карен Пирс як ҷанҷол, аммо ба тариқи худ изҳороти ростқавлона изҳор дошт, ки Русия ва Чин набояд аз пандемияи коронавирус ғолиб бароянд.

Дипломат на танҳо ваксинаро ба назар гирифт, ки доруи кадом беҳтар аст. Эпидемияи COVID-19 инчунин озмоиши қувва ва самаранокии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатҳо ҳамчун мошинҳои идоракунӣ дар маҷмӯъ гардид.

СУТ: мутатсияи коронавирус озмоиши наве барои ҷаҳон дар соли 2021 мешавад

"Ғалаба" -и машҳур бар коронавирусро на барои нобуд кардани он (ин ғайриимкон аст - акнун башарият бояд бо он зиндагӣ кунад), балки ба эътидол овардани ҳаёт - бо маҳдудиятҳои ҳадди аққал барои шаҳрвандон ва бидуни костагии системаҳои саломатӣ баррасӣ шавад.

Ҳар як кишвар хусусиятҳои хоси мубориза бар зидди эпидемия дорад. Маълум аст, ки Чин роҳи чораҳои шадид, вале мақсаднокро пеш гирифтааст. Танҳо якчанд рӯз пеш, ду шаҳр (бо тақрибан 18 миллион нафар аҳолӣ) барои як ҳафта баста шуд. Шаҳрро баъди он бастанд, ки ҳамагӣ 137 ҳолати нави гирифторшавӣ ва 197 маризи дигар, ки беморияшон бидуни аломат ҷараён дошт, дарёфт намуданд.

Русия ноу-хауи худро дорад, ки дар натиҷаи он системаи тандурустӣ сарбориро аз сар мегузаронад ва шумораи ваксинаҳо аз миллион гузаштааст. Ва омори маризӣ дар рӯзҳои охир боиси хушбинӣ мешавад, ҳарчанд, албатта, хурсанд шудан барвақт аст: мо бояд интизор шавем, ки пас аз ба охир расидани таътили солинавӣ чӣ хоҳад шуд ..

Ба ҳар сурат дар Ғарб вазъият бадтар аст. Агар дар Иёлоти Муттаҳида, бинобар таҳаввулоти сиёсии дохилӣ, мавзӯи мубориза бо эпидемия то ба ҳол дар замина фаромӯш шуда бошад, дар Аврупо ин масъала алъон ҳассостарин аст.

Вазъияти аз ҳама мушкил дар Бритониё аст. Мақомот тасмим гирифтанд, дар Англия қарантини шадид ҷорӣ кунанд. Мақомот пешгӯӣ мекунанд, ки ҳафтаҳои оянда вазъият мушкилтар мешавад.

Навъи нави коронавируси "бритонӣ" дар Русия низ ёфт шуд

Ин ҳам дар ҳолест, ки маъракаи ваксинкунӣ дар Бритониё оғоз ёфтааст, аммо ноумедӣ ва тарсу ҳароси зиёди мардум ин маъракаро нодида мегирад.

Аз тарафи дигар суръати истеҳсоли ваксин ва таъмин намудани ҳамагон бо он ниҳоят суст аст. Дар атрофи худи ваксинаҳо иттилооти нисбатан манфӣ ташаккул меёбад - гузоришҳо дар бораи фавти ғайричашмдошти онҳое, ки ваксина гирифтанд (гарчанде ки робитаи байни рӯйдодҳо, албатта, тасдиқ нашудааст) ва хабарҳо дар бораи хусусиятҳои ваксинаҳо, ки дар худ тамоми равандро душвор ва суст мегардонанд. Масалан, барои ваксинаҳои ҳозираи Pfizer ва BioNTec, ваксинаи асосӣ дар Ғарб, ин нигаҳдории ҳатмӣ дар ҳарорати аз минус 70 дараҷа гарм аст (барои муқоиса: барои Sputnik V ин рақам минус 18 дараҷа аст).

Ва он гоҳ як хастагӣ ва норозигии бузурги мардум ба вуҷуд омадааст - ва ин шояд мушкилоти бузургтарин барои мақомоти кишварҳои аврупоӣ бошад.

Олмон соли гузашта аз худ намунаи хуберо нишон дод, зеро дар шароити бӯҳрон ҳукумат боэътимод ва пурқудрат буд. Захираҳои дар ихтиёрдошта ба ин кишвар имкон дод, ки мушкилоти ба миён омада зуд ҳал карда шаванд. Системаи тандурустии Олмон аз озмоиш бомуваффақият гузашт, камчинии катҳои беморхонаҳо ва вентилятсияи механикӣ вуҷуд надошт ва бойтарин ва пешрафтаи иқтисоди қитъа тавонист барномаи пурқудрати кӯмаки иҷтимоиро ба шаҳрвандони худ татбиқ кунад.

Аммо хастагӣ ва бемадории худи сокинон кори ҳукуматдоронро мушкил мекунад, зеро сокинони норизо аз сиёсати ковидӣ зуд зуд даст ба эътироз мезананд.

Аз як тараф, ҳукуматдорон маҷбуранд, ки қарантинро ҷорӣ кунанд, зеро гузоришҳои ҳаррӯза ба онҳо нишон медиҳад, ки вазъият бад аст ва нигоҳ доштани вазъи фавқулода зарур ва саривақтист. Аз тарафи дигар, ҷомеаи Олмон торафт бештар аз маҳдудиятҳои ҳамешагӣ ба хашм меоянд ва ба кори ҳукуматдорон халал ворид мекунанд.

Кӯчаҳои холии Британия: сеюмин қарантини сартосарӣ эълон шуд - навор

Чунин вазъият дар дигар кишварҳо низ метавон мушоҳида кард. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро Русия ва Чин тавонистанд вакина истеҳсол карда, марҳила ба марҳила ба эмгунии шаҳрвандон пардохтанду дар кишварҳои Ғарбӣ ин кор ғайримаҳол шуда истодааст. Зеро ҳамарӯза сокинони норизо ба кӯчаҳо мебароянд, эътироз мекунанд ва аз ваксинаи истеҳсолкарда низ нигаронӣ мекунанд.

Русия ва Чин маҳдудиятҳоро ба мисли кишварҳои Ғарб шадид накарданд ва барои ождамони солим имкони роҳат зиндагӣ карданро фароҳам оварданд.

Солҳои охир ба Ғарб борҳо исбот карданд, ки технологияҳои идоракунии афкори ҷамъиятӣ маҳдудиятҳои худ, инчунин тамоюли рад кардан дар лаҳзаҳои номувофиқ ба оқибатҳои пешгӯинашаванда ва бениҳоят ногуворро доранд.

453
Барчаспҳо:
Ғарб, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (917)
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

53
(Таҷдидшуда 12:08 16.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар ИМА Рӯзи озодиҳои динӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ-инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

53
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих
День 15 января

Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих

199
(Таҷдидшуда 11:33 15.01.2021)
Бист сол пеш, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар мавриди кӯч додани оилаҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вилояти Хатлонро имзо кард

Рӯзи 15 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1826 дар Порис аввалин шумораи рӯзномаи "LeFigaro" нашр шуд.

Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.

 

Спартакиада в честь алмазного юбилея
© Sputnik Ситдиков Рамиль
Спартакиада в честь алмазного юбилея

 

Соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.

Соли 2001 "Википедия"- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.

Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ  ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.

Рӯзи 15 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО "Хоруғ" ба истифода дода шуд.

 

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

 

Соли 2001 — Эмомалӣ Раҳмонов Қарор "Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.

Соли 2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.

Соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" ба шаҳри Маскав сафар кард.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд.

 

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Гости и участники форума предпринимателей

 

Соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.

Соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.

 

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали
пресс-служба мэрии Душанбе
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 15 январ

  • Дар Ҷопон – Рӯзи бузургсолон.
  • Рӯзи эътирофи байналмилалии Хорватия.
  • Дар Нигерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи хотирот.

Рӯзи 15 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1962 — Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

199
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

0
(Таҷдидшуда 16:24 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 91 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин