День 14 января

Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих

225
(Таҷдидшуда 14:12 14.01.2021)
Рӯзи 14 январ дар Ӯзбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва дар Тунис – Рӯзи инқилоб ва ҷавонон мебошад

Рӯзи 14 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1907 заминҷунбии шадид қисми зиёди шаҳри Кингстони Ямайкаро нобуд кард, ки дар натиҷа 1400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1980 иҷлосияи фавқулодаи Ассамблеяи Генералии СММ ба Афғонистон даромадани ҷангиёни Иттиҳоди Шӯравиро  маҳкум намуд.

Соли 1992 миёни Озарбойҷон ва Туркия санад дар бораи барқарор намудани муносиботи дипломатӣ ба имзо расид.

Рӯзи 14 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1972 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд.

Соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.

Соли  2004 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

Соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Соли 2013 Раҳмон ба Президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду мамлакат барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Порис маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) баргузор гардид.

Соли 2017 дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти Оркестри асбобҳои мусиқии миллии вилояти Гуандуни Чин баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 14 январ

  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи ҳимоятгарони Ватан.
  • Дар Тунис – Рӯзи инқилоб ва ҷавонон.

Рӯзи 14 январ кӣ ба дунё омадааст

Қурбон Баҳлулзода (1902 – 1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Вайсблат Соломон (1888-1965)- доктори илми тиб, профессор.

Юрий Затсариний (1939)- арбоби давлатӣ.

Қодирӣ Тофиқ (1948) – доктори илми тиб, профессор.

Мирзоодил Наимов (1926) – доктори илми таърих, профессор.

Марям Турсунова (1951) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Алишер Хоҷаев (1949) – публисист, тележурналист.

Наим Ҳакимов (1955) – санъатшинос, профессор.

Певец Мухаммадрофи Кароматулло, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Певец Мухаммадрофи Кароматулло, архивное фото

Муҳаммадрофеъи Кароматулло (1986) - сароянда, писари марҳум Кароматуллоҳи Қурбон.

225
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
10 сол пеш фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" оғоз ёфт: имрӯзи таърих
День 24 января

Аз рӯзи байналмилалии эскимо то фавти 50 ҳазор нафар дар Чилӣ: имрӯзи таърих

43
(Таҷдидшуда 19:43 23.01.2021)
Рӯзи бистучоруми январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии эскимо мебошад. Зимнан дар ин рӯз дар Ҳиндустон аз Рӯзи миллии духтарон ва дар Британияи Кабир Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҷлил мегардад

Рӯзи 24 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года
Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via AP
Последствия землетрясения и цунами в Чили 16 сентября 2015 года

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 24 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ  2:2 ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 январ

  • Рӯзи байналмилалии эскимо.
  • Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
43
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Дискотека в ночном клубе, архивное фото

Вақти рақс халал расондӣ: навори занозании 6 зани ҷавон дар клуби шабона дар Душанбе

3426
(Таҷдидшуда 16:19 23.01.2021)
РВКД Душанбе навори занозании шаш зани ҷавони аз 19 то 25-соларо дар клуби шабонаи "Аура" нашр кардааст. Онҳо ба ҳамдигар танҳо барои онки нафареашон вақти рақс бо китф ба дигаре расидааст, дарафтодаанд. РВКД мегӯяд, ин қабил номи занро доғдор мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаанд, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".

"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.

Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

3426
Молоток судьи, архивное фото

Додгоҳ нафаре, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

0
Додгоҳи шаҳри Панҷакен ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттҳама мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

0