День 20 января

Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих

43
(Таҷдидшуда 11:25 20.01.2021)
Рӯзи бистуми январ дар Мали – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ва Рӯзи Ҷумҳурии Қрим таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, соли 1939 аввалин шумораи рӯзномаи "Ахбори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон" нашр шуд

Рӯзи 20 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1892 дар шаҳри Спрингфилд (ИМА) миёни донишҷӯён аввалин мусобиқаи расмии баскетбол баргузор гардид.

Соли 1925 созишномаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷопон дар бораи принсипҳои асосии муносиботи мутақобила (Шартномаи Пекин – 1925) ба имзо расид, ки он муносиботи дуҷонибаи дипломатӣ ва ҳамкории консулиро миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷопон ба миён гузошта буд.  

Соли 1946 дар ИМА гурӯҳи марказии иктишофӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ба Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ) табдил ёфт.

Соли 1958 дар Лондон аввалин радарҳои назоратӣ барои санҷиши суръати мошинҳо муқаррар карда шуданд.

Соли 2014 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Абу-Дабӣ («ADNEC») Саммити байналмилалии "Энергияи оянда -2014" баргузор гардид.

Рӯзи 20 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1939 аввалин шумораи рӯзномаи "Ахбори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон" нашр шуд.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии "Алмаато-Душанбе-Алмаато" баргузор гардид.

Соли 2008 дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" агрегати якум ба кор дароварда шуд.

Соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»- ро  тасдиқ намуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян кард.

Соли 2017 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон барои ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намудани «чакан», «атлас» ва «чавгон» наминатсия пешниҳод намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 январ

  • Дар Мали – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Рӯзи Ҷумҳурии Қрим.

Рӯзи 20 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1923 — ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева.

Соли 1935 — адабиётшинос, нависанда Валӣ Самад.

Соли 1944 — доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷумъа Сафаров.

Соли 1950 — олими таърихшинос Раҳматулло Маҳмадшоев.

Соли 1964 – олими соҳаи геология Муфарраҳ Муҳаббатов.

Соли 1964 – Зодрӯзи олими соҳаи математика Раҳим Одинаев.

43
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

40
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

40
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

297
(Таҷдидшуда 16:22 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

297
Барчаспҳо:
амалиёт, Тоҷикистон, пиёдагард, БДА