Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

2350
(Таҷдидшуда 12:02 21.01.2021)
Қаблан собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп бо судури фармоне вуруди мусалмонони аксар кишварҳоро манъ карда буд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ҷо Байден рӯзи 20 январ расман савганд ёд кард. Пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ нахустин коре, ки Байден анҷом дод, ин бекор кардани чандин фармонҳои Трамп буд.

Кишвардори феълӣ аз ҷумла фармон дар мавриди манъи вуруд барои мусалмонони аксар кишварҳо ба Амрикоро лағв кард. Гузашта аз ин, Амрикоро дигарбора ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Созишномаи иқлими Порис баргардонд.

Паёми хайрбодии Трамп: Амрико кишвари инсонҳои ноустувор нест

Ҳамчунин дар робита ба вазъият дар марзи Мексика вазъи фавқулодаро бекор ва сохтмони деворро дар марз бо он давлат низ лағв намуд.

Байден аз тамоми амрикоиҳо даъват кард, ки давоми 100 рӯз режими ниқобро риоя кунанд ва дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд.

Илова бар ин, Байден 20 январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард.

Мушовири Байден аз нақшаи музокира бо Русия гуфт

Қаблан, Қасри сафед хабар дода буд, ки Доналд Трамп чор соат пеш аз маросими савгандёдкунӣ Вашингтонро тарк мекунад.

2350
Барчаспҳо:
фармон, Доналд Трамп, Амрико
Ширин Амонзода

Пайдо кардани шуғл мушкил нест: вазир мушкили асосии занон дар мардикорбозорро гуфт

1065
(Таҷдидшуда 19:06 28.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни изҳори бардошташ аз суҳбат бо занон дар мардикорбозори Бохтар изҳор дошт, ки қабл аз ҳама бояд бо зеҳнияти ин нафарон кор кунем

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Амонзода мегӯяд, аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад.

“Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки, қабл аз ҳама, бо зеҳнияти ин нафарон кор гирем ва онҳоро соҳибихтисос гардонем”, - изҳор дошт вазир зимни баёни бардошташ аз мулоқот бо занон дар мардикорбозори Бохтар.

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият” зикр намудаст, ки вохӯрӣ берун аз нақшаи сафари корӣ ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Қубодиён ба миён омад.

“Ман ҳангоми суҳбат ба онҳо шахсияти худро маълум накардам, чунки хостам ба мушкилоти онҳо аз наздик ошно шавам. Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст”, - изҳор дошт вазир.

Вазир мушаххасан гуфт, ки баъди ин мулоқот чӣ кор кард

Ӯ афзуд, баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд.

“Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд. Ин тарзи барномарезӣ ҳам мушкилоти касбомӯзии онҳоро бартараф менамояд, ҳам даромади оилаашонро то андозае таъмин мекунад. Баъди муддати муайяни омӯзиш, онҳо соҳиби ҳуҷҷати расмӣ гашта, давра ба давра бо кор таъмин мегарданд”, - таъкид кардааст вазири меҳнат.

1065
Барчаспҳо:
мардикор, кор, Тоҷикистон
Хабаргириии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҳоли сарбозон дар Конибодом

Раиси Суғд аз ҳоли сарбозону собиқадорон ва сохтмонҳо хабар гирифт

120
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ дар шаҳри Конибодом аз ҳоли сарбозону собиқадорони меҳнат хабар гирифт

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, Аҳмадзода нахуст аз комендатураи мустақар дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ боздид намуда, бо шароити буду боши сарбозону афсарон шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро бо иди гузашта шодбош гуфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кардааст.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Меҳриҷон Ориповаи 90-сола ва маъюби гуруҳи якум Исмон Раҳмоновро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расондаст.

Манбаъ афзуд, ки раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони Минтақаи истироҳатӣ барои кӯдакону наврасони болаёқат дар деҳаи Ҷаҳонзеб, бинои нави боғчаи бачагонаи №10 дар деҳаи Лоҳутӣ, маркази савдо ва сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Ниёзбек, майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Ниёзбек шинос шудааст.

Аҳмадзода инчунин бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, гулгашти ба номи Камоли Хуҷандӣ ва таҷдиду навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо ва густариши корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Раиси Суғд таъкид кардааст, ки сокинони шаҳри Конибодом аҳлона меҳнат намуда, ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

120
Барчаспҳо:
хабаргирӣ, Суғд, Тоҷикистон

Хурӯс соҳиби худро ҳангоми хурӯсҷанг дар Ҳиндустон кушт: суд мешавад

0
(Таҷдидшуда 01:33 01.03.2021)
Пас аз марги соҳибаш паррандаи ҷангиро ба идораи полис бурданд, сарнавишти минбаъдаи онро додгоҳ ҳал мекунад

ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Хурӯс тасодуфан дар хурӯсҷанге дар минтақаи Ҷагитали Ҳиндустон соҳиби худро куштааст, менависад Times of India.

Қабл аз оғози хурӯсҷанг парранда гурехтанӣ шуд ва соҳиби худ Танугул Сатишро бо корди дар панҷааш басташуда ба поёни шикамаш зад.

Мардро ба беморхона интиқол доданӣ мешаванд, аммо аз сабаби зиёд рафтани хун дар роҳ мефавтад.

Полис ҳолати мазкурро нохост хонда, парванда боз кардааст ва хурӯсро ба қисми навбатдорӣ овардааст.

Баъзе шабакаҳои хабарӣ аз боздошти хурӯс хабар доданд, аммо полис инро рад кардааст.

Онҳо илова карданд, ки хурӯс дар додгоҳ ҳамчун сабаби марги соҳиби он муаррифӣ хоҳад шуд ва тақдири минбаъдаи онро дар он ҷо ҳал хоҳанд кард.

Баъзе иштирокчиёни дигари хурӯсҷанг низ ба суд оварда мешаванд.

Хурӯсҷанг дар Ҳиндустон аз соли 1960 манъ карда шудааст, аммо он дар бисёр иёлатҳо пинҳонӣ сурат мегирад ва иштирокчиён ба он шарт мегузоранд.

0
Барчаспҳо:
Суд, пулис, ҳалокат, Ҳиндустон