Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор

334
(Таҷдидшуда 21:21 24.01.2021)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушдро тасвиб кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” равона мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 34,65 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

“Аз он 30,0 млн. доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 млн. доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 млн. доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст”, - изҳор дошт Маҷидӣ.

Ноиби вазири молия афзуд, мақсади лоиҳа беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна мебошад.

“Аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, се маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар назар дошта шудаанд”, - иттилоъ дод Маҷидӣ.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли ноиби вазири молия афзуд, дар доираи лоиҳа инчунин идрорпулӣ барои занҳои танҳо, аз оилаҳои камбизоат, хариди ҳашт адад микроавтобус дар марказҳои омӯзишӣ ва  чор воситаи нақлиёти хизматрасонии маъмурӣ дар назар аст.

Ташкили низоми нави иттилоотии бозори меҳнат тавассути таҷҳизоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, омӯзиши ҳайати коргарон ва баҳрагирандагони лоиҳа оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсион, ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва тақвияти рушди касбии муҳоҷирони меҳнатӣ аз бандҳои дигари лоиҳаи мазкур арзёбӣ шудааст.

334
Барчаспҳо:
грант, Тоҷикистон
День 9 марта

Белорус истиқлолият ба даст овард: имрӯзи таърих

65
(Таҷдидшуда 12:25 09.03.2021)
Рӯзи нуҳуми март Рӯзи байналмилалии дидҷей буда, дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар мебошад

Рӯзи 9 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Белорус эълон карда шуд.

Соли 1933 дар ИМА  стандарти тиллоӣ (тартиби пулӣ, дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло) бекор карда шуд.

Соли 1908 клуби футболи "Интернатсионал" (Милан) таъсис дода шуд.

Рӯзи 9 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 бо фармони Президенти Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Соли  2011 дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии давраи интихобии Олимпиада – 2012 Тоҷикистон-Омон сурат гирифт.

Соли 2012 дар варзишгоҳи "Дашрат" -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи Футболи Осиё миёни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2015 дар шуъбаи Венагии СММ ҷаласаи 58-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид.

Соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон конфронси байналмилалии вазирон оид ба Афғонистон баррасӣ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати "Металор" Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 9 март

  • Рӯзи байналмилалии дидҷей.
    Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

Рӯзи 9 март кӣ ба дунё омадааст

Ёрмаҳмад Аралов (1954)- киноактёр, наворбардор.

Темур Атахонов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Абдувалӣ Бердиалиев (1939) - доктори илми филологӣ, профессор.

Нориниссо Бобоҷонова (1931 - 2009) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Надежда Буткевич (1908 - 1991) - арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Юрий Касаткин (1925) - доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Шавқат Маъруфов (1928) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳаммадназари Муҳаммадзиё (1960)- нависанда.

Назрӣ Обидов (1937)- мутарҷим.

Аскар Одинаев (1931)- актёри театр.

Умрӣ Сироҷиддинова (1940) - доктори илми тиб, профессор.

Зубайдулло Шарифзода (1951) - нависанда.

Марҳабо Юсуфова (1940) - наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Холиқназар Ҷумъаев (1969) - журналист.

65
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
День 8 марта

Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих

216
(Таҷдидшуда 19:15 06.03.2021)
Рӯзи 8 март - Рӯзи байналмилалии занон, дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар, дар Малайзия – Рӯзи султон ва зимнан Рӯзи байналмилалии гурда мебошад

Рӯзи 8 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.

Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.

Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.

Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки  роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 март

  • Рӯзи байналмилалии занон.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.
  • Дар Малайзия – Рӯзи султон.
  • Рӯзи байналмилалии гурда.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.

Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.

Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.

Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.

Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.

Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.

 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021

Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.

Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.

216
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Вор. Грабитель

Ғорати филиали бонки "Арванд": телефону ноутбук ва чойнику пулдҳисобкунанкро рабудааст

0
Сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дар маркази хизматрасонии бонк дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии "Сомгор" (филиали бонки "Арванд") дар шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардааст.

Ин мард гуфтааст, ки шоми 6 марти соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази хизматрасонии бонкӣ воқеъ дар деҳаи Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ворид шуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи "НР", 1-адад таҷҳизоти пулҳисобкунак, 1-адад чойники электрикӣ, 1-адад суратгираки тамғаи "Сонӣ" ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Нокиа"-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад,  зарари расонидашуда 4 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",-афзудааст манбаъ.

Дуздии либос дар маркази Душанбе ва бозори "Корвон"

ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ғорат, бонк, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон