Молоток

Эълони ҳукми ҷавони 24 - сола, ки дар хонаи хусур ҳамсарашро кушт

699
(Таҷдидшуда 13:52 25.01.2021)
Додгоҳи ноҳияи Кӯшониён Юсуповро дар қатли ҳамсараш гунаҳгор дониста, ӯро ба муддати 13 сол аз озодӣ маҳрум кард

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ҳукми Юсупов Абдуазимҷони 24 - сола, сокини маҳаллиро эълон кард.

Бар хабари котиботи Прокуратураи ноҳияи мазкур, ҷавони 24 - сола бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари худ, нимашаб ба хонаи хусураш ба деҳаи Куйбишев омадааст.

Куштор дар рӯзи ҷашни Соли нав дар Тоҷикистон

Номбурда бо роҳи зӯроварӣ ба хонаи падарии занаш ворид шуда, дар пешдолони хона бо корди хоҷагидорӣ ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Миниқулова задааст, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Гуфта мешавад, Юсупов пас аз қатли ҳамсари худ ба ҷонаш низ сӯйқасд намуда, бо корд худро низ захмӣ кард.

Ҳодисаи мазкур рӯзи 13 июли соли гузашта рух дод ва додгоҳи ноҳияи Кӯшониён нисбати Юсупов бо моддаҳои 104 қисми 2 , бандҳои "в", "к" ва 147 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод.

Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон

Зимнан, бо қарори суд сокини 24  - солаи Кӯшониён дар қатли ҳамсари худ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Манбаъ меафзояд, номбурда адои ҷазои ҷиноятии худро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад.

699
Барчаспҳо:
куштор, ҳукм, суд
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

49
(Таҷдидшуда 16:22 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

49
Барчаспҳо:
амалиёт, Тоҷикистон, пиёдагард, БДА
Строители, архивное фото

Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?

228
(Таҷдидшуда 13:40 02.03.2021)
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъкид доштааст, ки дар муддати татбиқи "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020" давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст  -  моҳонаи кам.

Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.

Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.  

 

228
Барчаспҳо:
таъсис, вазир, кор, муҳоҷират, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

“Қонуни тиб”- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

0
(Таҷдидшуда 16:31 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

“Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад”, таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд,  шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои “Китоб - уш – шифо”,  “Ҷадал”, “Хитоба”, “Суфастоӣ” ва “Фанни шеър” - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

0
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон