Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Раҳмон ба Файзов ва мардуми Бадахшон сипос гуфт - чаро?

4613
(Таҷдидшуда 13:23 28.01.2021)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор низ дар ҷаласаи васеи Ҳукумат аз мушкилу пешрафти як солаи ВМКБ ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аснои ҳисоботи худ, соли гузаштаро марҳилаи нави рушди вилоят маънидод кард.

Файзов барои дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар пешрафти Бадахшони кӯҳӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Бар тибқи ҳисоботи раиси ин вилоят, Бадахшон новобаста аз мушкил омадани соли 2020, нақшаи андозро пурра иҷро кардааст.

Ҳамчунин Файзов таъкид намуд, ки вилоят дар масъалаи бунёди роҳу иншооти маъмурию истиқоматӣ, азхудкунии заминҳои нав, истеҳсоли рӯзафзуни маҳсулоти кишоварзӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Зимнан, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар як рӯз иҷро намудани даъвати ҷавоно ба сафи артиш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Қабули қонунҳо: хизмати ҳарбӣ барои кор дар гумрук, суд, додситонӣ ҳатмӣ шуд

Бояд қайд намуд, ки ВМКБ давоми се соли ахир аз лиҳози иҷро намудани даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар қиёс ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон пешсаф аст.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват иҷро мегардад.

4613
Барчаспҳо:
изҳори сипос, ВМКБ, Эмомалӣ Раҳмон
Ссора, архивное фото

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо кам шуд

52
(Таҷдидшуда 12:03 04.03.2021)
Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ахиран эълон доштанд, ки дар ноҳия тайи ду моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷудашавии оилаҳо коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.

“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-ум шаш ҳолат зиёд аст.

52
Барчаспҳо:
коҳиш, оила, ҷудошавӣ, ноҳияи Ҷайҳун, Тоҷикистон
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

105
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

105
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

364
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

364
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон