День 28 января

Рӯзи бекорон ва даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ: имрӯзи таърих

78
(Таҷдидшуда 13:09 28.01.2021)
Имрӯз, 28 январ - Рӯзи байналмилалии бекорон, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ, Рӯзи байналмилалии бидуни интернет мебошад

Рӯзи 28 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1943 дар Олмон даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда шуд.

Соли 1978 медали ҷашнии "60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ" таъсис дода шуд.

Соли 1986 пас аз 73 сонияи парвоз киштии кайҳонии "Челленждер-10"-и Амрико, ки  барои истифодаи чандинбора буд, таркид. Ҳамаи ҳайати сарнишинон, ки аз 7 кайҳоннавард иборат буд, ҳалок гардид.

Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд.  

Рӯзи 28 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1939 маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии "Тоҷикистон" таъсис дода шуд.

Соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистонро «Дар бораи  ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» тасдиқ намуд.

Соли 2010 дар Лондон Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок намуданд.

Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» фармон ба имзо расониданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2016 дар баҳри Эгей, дар наздикии соҳили Юнон киштии муҳоҷирон ба садама дучор шуд.

Соли 2017 ВАО хабар доданд, ки Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ба муҳлати 120 рӯз  боздоштани қабули гурезагон ба ИМА фармон ба имзо расонид. «Ин амал барои ҳимояи мамлакат аз воридшавии террористони хориҷӣ мебошад»,- гуфт Трамп.

Ҷашнҳои рӯзи 28 январ

  • Рӯзи байналмилалии бекорон.
  • Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.
  • Рӯзи байналмилалии бидуни интернет.
  • Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.
  • Дар Руанда – Рӯзи демократия.
78
Барчаспҳо:
таърих, Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

16
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

16
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ

Ванҷ обод мешавад: Қодири Қосим бо соҳибкорони ин ноҳия мулоқот кард

142
(Таҷдидшуда 15:46 06.03.2021)
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо соҳибкорони ноҳияи Ванҷ мизи гирд доир намуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади боз ҳам ободтар намудани ноҳияи Ванҷ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ
сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкоронро, омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дод.

Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори ноҳия саҳми муносиб доранд. Ҳамзамон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд.

Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Раҳмонзода гуфт, ба наздикӣ тӯҳфаи Президент ба Мурғобу Ванҷ ирсол мешавад: чист он?

Барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва бунёди 86 иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.

Дар ин давра 31 иншоот дар соли 2018, 26 иншоот дар соли 2019,  22 иншоот дар соли 2020 мавриди истифода қарордода шуданд. Дар соли равон 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 4-тои он аллакай ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳо бо маром идома дошта, то муҳлати муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода мешаванд.

 

142