спутник календарь

Зодрӯзи Зебуниссо Рустамова ва профессор Осимӣ: имрӯзи таърих

144
(Таҷдидшуда 13:36 28.01.2021)
 Рӯзи 29 январ, дар Молдова – Рӯзи кормандони прокуратура ва дар Украина – Рӯзи кормандони муҳофизони сӯхтор мебошад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи ихтироъ кардани автомобил дониста мешавад

Рӯзи 29 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1833 дар Санкт-Петербург аввалин маротиба дар таърихи Русия почтаи байнишаҳрӣ таъсис дода шуд.

Соли 1896 физики америкоӣ Э. Груббе аввалин маротиба дар ҷаҳон барои табобати саратон  радиатсияи радиоактивиро истифода бурд.

Соли 1919 Конгресси ИМА ба Конститутсия тағйироти XVIII ворид намуд, ки истеҳсол, воридот ва фурӯши маҳсулоти спиртиро манъ мекард.

Соли 1926 дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии дарсҳои ҳарбӣ дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд.

Соли 1947 дар Британияи Кабир ҳарорати пасти рекордии ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки -26,7 дараҷа хунукиро ташкил дод.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо вируси Зика гурӯҳ ташкил дод.

Рӯзи 29 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2010 муайяну мушаххас  карда шуданд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» — ро  ба тасвиб расонид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои гуногунҷанбаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд.

Соли 2017 дар "Боғи Ирам"- и шаҳри Душанбе иди Сада, яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон ва форсизабонон таҷлил карда шуд.

Соли 2017 дар муҳмонхонаи "Серена"-и шаҳри Душанбе аввалин намоиши корҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 29 январ

  •  Дар Молдова – Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ихтироъ кардани автомобил.
  • Дар Украина – Рӯзи кормандони муҳофизони сӯхтор.

Рӯзи 29 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1933 — Аслиддин Осимӣ, пизишки номӣ, профессор.

© Sputnik / Юрий Сомов
Абсолютная чемпионка мира в стрельбе из лука, бронзовый призер монреальской Олимпиады, член сборной СССР Зебинисо Рустамова из Таджикистана

 

Соли 1955 — Зебуниссо Рустамова, варзишкори машҳури тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба тирандозӣ.

144
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рӯзи бекорон ва даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Савриниссо Сабзалиева ва хотироти қурбониёни Ҳолокост: имрӯзи таърих
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори Ҳукумат: "лимит"-и нав дар теъдоди тими Рустами Эмомалӣ

7523
(Таҷдидшуда 15:50 23.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҳукумати Душанберо 213 нафар муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, теъдоди кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе зиёдтар шуда, 89 нафар муқаррар гардид. Қаблан чунин тағйирот дар дастгоҳи раисони шаҳру навоҳии дигар низ сурат гирифта буд.

Бештар шудани шумораи ниҳоии кормандон дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки соли гузашта на ҳамаи бастҳои корӣ банд буданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, зимни гузориш ба вакилон дар бораи фаъолияти як соли охир иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар мақомоти шаҳрдорӣ тайи давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доштанд.

“Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо - 26,7фоиз ва 143 нафарро мардон - 73,3фоиз ташкил медиҳанд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.

Нимаи моҳи равон шаҳрдории Душанбе барои ҷалби кормандони нав озмун эълон кард, ки маош аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳоди довталабон гардидааст, ки бахшҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ, аз сармоягузорӣ то ҳуқуқу кор бо ҷомеаро фаро мегиранд.

7523
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, кормандон, Тоҷикистон
Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд

Ҳабси 57 ва кофтукоби 100 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд

1168
(Таҷдидшуда 15:28 22.02.2021)
Масъулони раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯянд, нисбати онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ карданд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, гуфт бинобар сари вақт пардохт накардани маблағи алимент ва иҷро накардани ӯҳдадории қарзии худ дар назди фарзандон 57 алиментсупоранда аз озодӣ маҳрум шуданд.

Иброҳимзода гуфт, 184 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ва ё ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд.

“Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад”,  - таъкид намуд Иброҳимзода.

Муовини сардори Раёсати иҷро дар Суғд гуфт, бо вуҷуди муқаррароти қонун баъзе алиментсупорандаҳо саривақт ба суд ҳозир нашуданд ва ҳоло нисбати 100 нафар  кофтукоби ҷиноӣ эълон шудааст.

Бино ба иттилои Иброҳимзода, аз соли 2020 ба ин тараф дар назорати кормандони Раёсати иҷро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 21 ҳазору 791 адад истеҳсолоти иҷрои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди иҷроиши давравӣ қарор доранд.

Соли гузашта бар тибқи 108 адад ҳуҷҷати иҷро, барои рӯёнидани алимент 33 муҳосиботи ҷойи кори қарздорон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар соли 2019, барои насупоридани алимент 65 нафар ҳабс шуда, нисбати 120 қарздори дигар чораи сафарбар намудан ба корҳои ислоҳӣ татбиқ шуда буд.

Соли 2018 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он минбаъд нисбати волидоне, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 177  корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда мешавад.

1168
Барчаспҳо:
пардохт, фарзанд, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0