Таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 30 января
День 30 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон рӯзи 30 январ ҷашни Сада таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук ва дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлолият мебошад

Рӯзи 30 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1921 дар Англия  футболи занона манъ карда шуд.

Соли 1948 дар шаҳри Санкт-Моритси Швейтсария маросими кушодашавии панҷумин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид (бозиҳо 8 феврал ба анҷом расиданд).

Соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

Рӯзи 30 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон Лоиҳаи Қонун "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонун "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

День 28 января - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бекорон ва даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ: имрӯзи таърих

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеи созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост».

Соли 2017 маҷаллаи туристии "34travel" дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА "MasterCard" рейтинги 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд. Ба рӯйхат инчунин пойтахти Булғористон– шаҳри София, пойтахти Руминия – Бухарест, шаҳрҳои Касабланкаи Марокаш ва Бостони ИМА шомил шуданд.

Соли 2017  Президент Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2018 дар Тоҷикистон бори аввал ин иди бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ ҷашн гириифта шуд. 

Ҷашнҳои рӯзи 30 январ

  • Дар Тоҷикистон ҷашни Сада.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлолият.

Рӯзи 30 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1902 — Антон Недаветский, саргеологи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистони Советӣ.

Соли 1913 — София Туйбоева, ҳунарманди театр ва кино, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Соли 1924 — Ҳанифа Мавлонова, сарояндаи опера, ҳунарманди мардумии ИҶШС.

Лентаи хабарҳо
0