День 3 февраля нац

Ҳалокати 104 кас дар паи суқути ҳавопаймо дар Кобул: имрӯзи таърих

183
(Таҷдидшуда 18:32 01.02.2021)
Рӯзи сеюми феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ буда, дар Ветнам — солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ ва дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон таҷлил мешавад

Рӯзи 3 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1972 дар шаҳри Саппорои Ҷопон бозиҳои XI зимистона оғоз гардида, 13 январ ба анҷом расиданд.

Соли 1976 пойтахти Мозамбик аз Лоуренсу Маркеш ба  Мапуту тағйири ном кард.

Соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои "Boeing 737" ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ роҳандозӣ намуд.

Рӯзи 3 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 – Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Маскав сафар кард.

Соли 2010 – Кумитаи миллии олимпӣ, КВД "Талко" ва ҷудочӣ Расул Боқиев қарордоде ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, ба муддати се соли наздик "Талко" сарпарасти генералии варзишгар шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба собиқадорони муҳосираи Ленинград, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар вазъияти тантанавӣ медалҳои ҷашнии «65 — солагии озодкунии Ленинград аз муҳосираи фашистӣ»-ро супорид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Непал баррасӣ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда, вобаста ба боришоти рӯзҳои охир (соли 2017) ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш дод, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 феврал

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ.
  • Дар Ветнам — солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ.
  • Дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон.

Рӯзи 3 феврал кӣ ба дунё омадааст

Маҳмадсаид Аҳмадов (1955)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Темур Каримов (1928 – 1989) – доктори илми таърих, профессор.

Лев Катасев (1919) – доктори илмҳои физикаю математика.

Алексей Ким (1960)- доктори илми тиб, профессор.

Котс Яков (1898 – 1973) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳаитбой Мирҳайдаров (1945)-адабиётшинос, профессор.

Собирҷон Назаров (1991)-варзишгар, боксчӣ, чемпиони Осиё.

Ҷамол Холматов (1960) –доктори илми тиб, профессор.

Шодӣ Саттор (1944) – шоири узбекзабон, мутарҷим.

Обид Шукурзода (1956)- мутарҷим.

183
Барчаспҳо:
таърих, ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Таъсиси ноҳияи Исфара ва қайди тамғаи "Coca-Cola": имрӯзи таърих
Зодрӯзи Убайдуллоев ва дохилшавии мухолифин ба ҳайати Ҳукумати ҶТ: имрӯзи таърих
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

280
(Таҷдидшуда 16:22 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

280
Барчаспҳо:
амалиёт, Тоҷикистон, пиёдагард, БДА
Строители, архивное фото

Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?

396
(Таҷдидшуда 13:40 02.03.2021)
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъкид доштааст, ки дар муддати татбиқи "Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020" давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст  -  моҳонаи кам.

Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.

Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.  

 

396
Барчаспҳо:
таъсис, вазир, кор, муҳоҷират, Тоҷикистон
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон