Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото

Ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент дар Тоҷикистон

246
(Таҷдидшуда 20:45 05.02.2021)
Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки 11 330 истеҳсолоти иҷро дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода хабар дод.

Алимент насупорӣ ҳабс мешавӣ: дар Суғд ба 46 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуд

Ба гуфтаи вай, соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ бинобар бадқасдона саркашӣ  намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз карда шудаанд.

"Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд,  ки аз 11 330 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ  ворид гардидаанд ва ситониши давравиро пешбинӣ менамоянд, бо 11 154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуд", - қайд кард Саидвализода.

Ҳамчунин, афзуд сардори хадамот, 9 адади он бо дархости ситонандагон баргардонида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ гардида, 8 адад тибқи тобеият ба дигар иҷрочиёни Хадамот, 154 адад ба муҳосиботи ҷойи кор ва 2 адад ба муҳосиботи ҷои адои ҷазои қарздорон ирсол гардидааст. 

246
Пункт пропуска на границе, архивное фото

Мулоқоти маҷозии Нозирӣ бо Арзиев: марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад?

539
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни як конфронси видеоӣ ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.

Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.

Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.

Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.

539
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Ключи от квартиры, архивное фото

Соҳибкорони Регар ба ҳаммаҳали маъюбашон хона тақдим карданд

94
(Таҷдидшуда 20:28 26.02.2021)
Искандар Ҳасанов, ки маъюби гурӯҳи 2 - юм мебошад ба соҳибкорон сахӣ изҳори миннатдорӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Соҳибкорони деҳоти Регар ба сокини шаҳри Турсунзода манзили сеҳуҷрагӣ тақдим намуданд, хабар медиҳад Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода.

Ба иттилои манбаъ, соҳиби манзили нав искандар Ҳасанов мебошад, ки маъюби гурӯҳи 2 - юм мебошад.

Манбаъ меафзояд, иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои кишардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Ҳасанов бо ҷамъи хонаводаи худ ба раисҷумҳур ва соҳибкорони сахӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Чанде пеш, соҳибкор ва роҳбари "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба як модари тоҷик, ки соҳиби 5 фарзанд аст, дар шаҳри Душанбе хона тақдим намуд.

Муродов ба ду оилаи дигари маъюб дар Душанбе хона дод-аксҳо

Хонаи тӯҳфакардаи Муродов ба модари серфарзанд бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор,  хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст.

94
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Вазир дар бораи ифтитоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Наврӯз - мешавад ё не?

637
(Таҷдидшуда 21:01 26.02.2021)
Намояндагони мақомот тавзеҳ доданд, ки кай сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бе мамоният марзи ду кишварро убур кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.

Хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.

"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".

637
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон