ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холии дастгоҳи раиси Душанбе ва мақомоти дигари пойтахт озмун эълон кардааст.
Бар асоси эълон, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе мақоми сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ холист, ки 1249 сомонӣ маош дорад.
Ду ҷои сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳи раис низ бо маоши 1249 сомонӣ интизори довталабон мебошад. Барои мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот, ки як ҷой холӣ мебошад, 973 сомонӣ музд таъйин шудааст.
Дар феҳрасти ҷойҳои холӣ инчунин мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳ бо маоши 973 сомонӣ, мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ - маош 800 сомонӣ зикр шудаанд.
Инчунин мақомоти Душанбе мудири бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оиларо меҷӯянд, ки маошаш 1308 сомониро ташкил медиҳад.
Сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амвол бо 1249 сомонӣ маош, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳр бо 1187 сомонӣ маош, мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузорӣ бо 973 сомонӣ маош, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ бо 973 сомонӣ маош дар феҳрасти ҷойҳои холии корӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳод шудаанд, ки маошашон аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳанд.
Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси Душанбе тайи 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Тафсилоти талабот аз довталабон дар эълони ҳукумати Душанбе зикр шудаанд.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, ё тариқи телефони 221-35-68, почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ва ё сомонаи мақомоти иҷроия www.dushanbe.tj муроҷиат кунанд.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.
“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун 103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-ум шаш ҳолат зиёд аст.
Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.
Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.
Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.
Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.
Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.
Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".
Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон.
Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон.
Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.