День святого Валентина

Кӣ зид ва кӣ ҷонибдор: Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мешавад

787
(Таҷдидшуда 17:05 12.02.2021)
Ду рӯз пас Рӯзи Валентин ва ё Рӯзи ошиқон фаро мерасад. Дар Тоҷикистон агар як қисмат ҷонибдори ҷашн гирифтани ин сана бошанд, гурӯҳи дигар онро ҷашни бегона меҳисобанд

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Дар робита ба ин ид, назари се тоҷикистониро ин ҷо овардем, ки диду фаҳмиши онҳо нисбати Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон яксон нест.

Ид бегона аст, аммо ...

Эҳсон ном корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, азбаски таърихи ин ид бештар ба дину миллати дигар марбут аст, аз ин рӯ барояш таҷлил кардани он чандон ҷолиб нест.

Аммо ӯ иқрор шуд, ки дар даври донишҷӯӣ ва мактабхонӣ, аҳён- аҳён аз Рӯзи ошиқон таҷлил мекард, вале баъдан барояш ин сана тамоман камтаваҷҷӯҳ шуд.

"Барои ошиқ ҳар рӯз, ҳар таваҷҷӯҳ ва ҳар табассуми маъшуқа ид аст ва онро ба як рӯз набояд махдуд кард", - мегӯяд Эҳсон.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, зиндагиро маҳз ишқу муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ рангин мекунад. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, "ҳамсафари зиндагиро натанҳо рӯзи ошиқон бояд хурсанд кард, балки ҳар рӯзашро бояд ба ид табдил дода, ӯро хурсанд кард.

Хонадоршавӣ дар рӯзи ошиқон

Аммо Шукуфа ва Расул ном зану ҳамсар нисбати ин ид хотираи нек доранд ва мегӯянд, ки ҳамасола онро таҷлил мекунанд. Зеро онҳо 6 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз хонадор шуданд ва ҳоло соҳиби ду фарзанд ҳастанд.

Шукуфа муддати 10 сол мешавад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Бо ҳамсараш замони мактабхон будан дар Тоҷикистон шинос шуда, нисбати ҳамдигар меҳр пайдо карданд. Вале Расул ба қасди маълумоти олӣ гирифтан, тарки Тоҷикистон кард ва ба донишгоҳи шаҳри Санкт – Петербурги Русия дохил шуд. 

Шукуфа, ки имконияти маҳдудтар дошт ва натавонист шомили ягон донишкада шавад, аз ин рӯ, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифту ба шаҳри Маскав омад. Равобити ҳар дуи онҳо аз сар гирифта шуд ва Расул танҳо дар таҳтилҳои тобистона ва зимистона,агар назди волидони худ ба Тоҷикистон намерафт, он гоҳ ба Маскав меомад ва аз ҳолу аҳволи дӯстдоштааш бохабар мешуд.

Посухи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Хайём дар бораи Рӯзи Валентин

Шукуфа ба ёд меорад, ки дар Маскав ягон сол, Иди ошиқонро бидуни Расул таҷлил намекард ва ба ин сана махсус омодагӣ ва хурсандӣ мекард.

"Расул ҳар сол дар ҳамин рӯз аз шаҳри Санкт – Петербург бо гулдаставу армуғон ба табрики ман меомад. То бегоҳ ҳамроҳ сайру гашт ва хурсандӣ мекардем. Бегоҳ бошад, Расулро боз аз вокзал гусел мекардам", - бо табассум ёдовар шуд аз он рӯзҳо Шукуфа.

Ӯ иқрор шуд, ки тӯҳфаҳои ӯ дар муқоиса бо армуғонҳои Расул қимату арзишмандтар буданд, зеро ӯ бештар ба таҳсил машғул буду, имкони маҳдудтари пул кор карданро дошт. 

Бо вуҷуди ин, ӯ гуфт барояш муҳим на тӯҳфаву гул, балки ҳузури худи дӯстдоштааш муҳим буд.

Танҳо хоси дилдодаҳо

Мафтуна, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва ду фарзандро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарбият мекунанд, мегӯяд ин рӯз танҳо хоси ду ҷуфт аст. Ӯ мегӯяд, Рӯзи ошиқонро ҳамроҳ бо шавҳари худ ҳамасола бидуни кӯдакон ва дигар пайвандон таҷлил мекунад.

"Дар ин рӯз мард агар ҳамсар дошта бошад, ҳатман бо ҳамсараш ва агар дӯстдухтар дошта бошад, танҳо бо ӯ дар як фазои ошиқона бояд аз ин сана таҷлил кунад", - мегӯяд Мафтуна.

Ӯ мегӯяд, муқобили он аст, ки дар ин рӯз бояд барои кулли пайвандон армуғон харидорӣ кунад ва дар муҳити хонаводагӣ ҳамроҳ бо ҳамаи аъзоёни оила онро таҷлил кунад.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз ҳамсараш аслан гулу атр ва ҷавоҳироти тиллову нуқра мегирад.  Худаш, ки зани хонашин аст, мегӯяд, ду - се моҳ қабл, барои харид намудани тӯҳфа маблағ ҷамъ мекунад ва ҳатман ягон чизи хотирмон мехарад.

Чи гуна ҷавонписарону ҷавондухтарони замони Шӯравӣ ошиқӣ мекарданд- гузориши аксӣ

Сирри тӯҳфаи омоданамудаи худро дар соли ҷорӣ ба мо ифшо карда гуфт, ки аксбардореро киро кардааст ва дар Рӯзи ошиқон танҳо ҳамроҳи шавҳари худ ба аксгирии "романтикӣ" мераванд.

Рӯзи Валентин дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ нест, аммо барои бисёре аз шаҳрвандон баёни муҳаббату ишқи худ ба дӯстдошта ва тақдими туҳфа дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Одатан дар ин рӯз бозори гулу туҳфаҳо, аз ҷумла туҳфаҳои рамзӣ дар шакли дил гарм мешавад.

787
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Рӯзи ошиқон
День 8 марта

Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих

201
(Таҷдидшуда 19:15 06.03.2021)
Рӯзи 8 март - Рӯзи байналмилалии занон, дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар, дар Малайзия – Рӯзи султон ва зимнан Рӯзи байналмилалии гурда мебошад

Рӯзи 8 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.

Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.

Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.

Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки  роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 март

  • Рӯзи байналмилалии занон.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.
  • Дар Малайзия – Рӯзи султон.
  • Рӯзи байналмилалии гурда.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.

Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.

Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.

Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.

Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.

Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.

 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021

Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.

Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.

201
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

75
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

75
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла

Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико

0
(Таҷдидшуда 19:13 08.03.2021)
Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

0
Барчаспҳо:
сулҳ, Кобул, Толибон, вокуниш, Амрико, Афғонистон