ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Соли 2020 аз сӯи мақомот 400 саги дайду дар Хуҷанд маҳв карда шудааанд. Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори вақти Хуҷанд, дар аҳди роҳбарияш ҳанӯз ду соли қабл қирсозии сагҳоро бераҳмӣ хонда, сохтмони паноҳгоҳ ё приютро ваъда дод.
Муҳаммадзода соли гузашта изҳор дошт, ки хуруҷи пандемияи каронавирус дар соли гузашта монеаи иҷрои нақшаашон дар мавриди сохтмони паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб гардид.
Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ, тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳоро аз сагҳои дайду мушкили ҷиддӣ арзёбӣ кард.
“Дар ҳақиқат ин проблемаи вазнин аст. Хусусан дар маҳаллаҳои 3 ва 8 худам ин вазъиятро дида истодаам”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Шарифзода ҳамчунин афзуд, барои ташкили паноҳгоҳ барои сагҳои дайду корбарӣ мекунад, вале дақиқан нагуфт, ки ин кор кай ба иҷро расонида мешавад.
“Як паноҳгоҳ барои сагҳо месозем, вале ҳоло гуфта наметавонам, ки он кай ва дар куҷо сохта мешавад. Ҳаракат карда ин корро мекунем”, - афзуд ӯ.
Афзоиши шумори сагҳои бесоҳиб ё дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд аз мушкилиест, ки дар борааш зиёд дар расонаҳо гуфта мешавад. Аммо бо ин вуҷуд ҳанӯз маҳаллаҳои шаҳр аз сагҳо пурра тоза нашудаанд. Табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти расмӣ давоми 9 моҳи соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, 457 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.
Соли 1990 дар ИМА дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.
Соли 1994 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2010 Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарқшиноси барҷаста, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.
Соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.
Соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
Соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.
Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.
Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, теъдоди кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе зиёдтар шуда, 89 нафар муқаррар гардид. Қаблан чунин тағйирот дар дастгоҳи раисони шаҳру навоҳии дигар низ сурат гирифта буд.
Бештар шудани шумораи ниҳоии кормандон дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки соли гузашта на ҳамаи бастҳои корӣ банд буданд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, зимни гузориш ба вакилон дар бораи фаъолияти як соли охир иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар мақомоти шаҳрдорӣ тайи давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доштанд.
“Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо - 26,7фоиз ва 143 нафарро мардон - 73,3фоиз ташкил медиҳанд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.
Нимаи моҳи равон шаҳрдории Душанбе барои ҷалби кормандони нав озмун эълон кард, ки маош аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳоди довталабон гардидааст, ки бахшҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ, аз сармоягузорӣ то ҳуқуқу кор бо ҷомеаро фаро мегиранд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.
Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.
ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.
Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.
Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.