Монумент Ворота Индии

Танфурӯшии духтарони тоҷик дар Деҳлӣ: кӣ ташкил мекунаду Сара кист?

7852
(Таҷдидшуда 18:16 13.02.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани савдои духтарони тоҷик бо мақсади ҷалбашон ба танфурӯшӣ дар шаҳри Деҳлӣ хабар дод. Қаблан асосан гузориш аз ҷалби духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Туркияю кишварҳои арабӣ гузоришҳо нашр мегардиданд

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 36-сола, сокини деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб хабар додааст, ки дар савдои занони тоҷик барои танфурӯшӣ дар Ҳиндустон айбдор мешавад.

Ба иттилои ВУД, зани мазкур моҳи январи соли 2019, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба  боварии зани 33-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст.

“Баъдан гумонбаршаванда бо истифода аз он, ки зан дар шаҳри бегона асту забонро намедонад, ҷабрдидаро аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки гумонбаршаванда аз танфурӯшии  ҷабрдида ба шаҳрвандони миллаташон гуногун 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.

Инчунин муайян шудааст, ки гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 зани 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдатро низ бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” барои танфурӯшӣ ба Деҳлӣ ҷалб кардааст.

Мақомот мегӯянд, ҷабрдидаи дуюм аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" танфурӯшӣ кардааст. Зани муттаҳам ба иттилои мақомот аз ин танфурӯшӣ  3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 130 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ, барои харидуфурӯши одамон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар мавриди шахсияти "Сара" мақомоти тоҷик иттилое ироа накардаанд.

Назари бевоситаи худи гумонбаршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.

Қаблан мақомдорони додгоҳи Душанбе дар пайи таҳлили парвандаҳои марбути харидуфурӯши одамон ва ҷалби духтарони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар изҳор доштанд, ки ба ташкили чунин ҷиноятҳо асосан занон даст мезананд. Таъкид шуд, ки барои танфурӯшӣ дар хориҷ ҷавондухтаронеро ҷалб месозанд, ки камбизоатанду мушкилоти зиёди зиндагӣ доранд.

7852
Барчаспҳо:
танфурӯшӣ, Ҳиндустон, Тоҷикистон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

54
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

54
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Оила ё шаҳрванди бе телефонро мешиносед? Ноиби раиси парлумон туҳфа медиҳад

2161
(Таҷдидшуда 19:41 01.03.2021)
Қодири Қосим, ноиби раиси парлумони Тоҷикистон аз рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ба касе, ки оила ё шаҳрванди бе телефонро дар кишвар нишон диҳад, мукофот хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро муъҷизавор хонда, афзудааст, ки ин омил дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама беш боиси хашму ғазаби мухолифин мегардад.

Ӯ зимни исботи рушди Тоҷикистон изҳор дошт, ки то соли 1991 ҳар 14-умин оила соҳиби мошин буд.

“Ҳоло ба ҳар панҷумин шаҳрванд як мошин рост меояд. Касе оила ё шаҳрванди бе телефони мобилиро нишон диҳад, мукофот хоҳам дод”, - таъкид кард вакил.

Ӯ бо нашри як матлаб дар “Ховар” илова намудааст, ки барои ташхиси томографӣ одамон фақат ба Маскав ва Тошканд мерафтанд. Ҳоло фақат дар шаҳри Душанбе 123 ташхисгоҳи муҷаҳҳази дар Осиёи Марказӣ беҳтарин кор мекунад, афзуд ӯ.

“Соли 1988 як мурдаро тавассути роҳи вилоятҳои Суғд, Ош ва шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ванҷ дар ду ҳафта расониданд. Ҳоло дар 5 соат аз Душанбе ба ноҳияҳои ВМКБ озод ба манзил мерасем”, - мисоли дигар овардааст Қодири Қосим.

Ожонсии зидди фасод тафсилоти ҷурми "Илҳом Командир" ва шарикашро ифшо кард

Ӯ изҳор дошт, ки рӯзе шаҳри Душанберо давр зада, ҳисоб кард, ки то соли 1990 дар Душанбе 34 бинои баландошёна ва 1 меҳмонхонаи ситорадор мавҷуд буд. Танҳо солҳои охир садҳо бинои баландошёна ва 12 меҳмонхонаи 5 - ситорадор бунёд гардидааст, таъкид намуд ноиби раиси парлумон.

2161
Барчаспҳо:
мухолифин, шаҳрвандон, мулоқот, Тоҷикистон
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бисзен" мекунад: шикояти муҳоҷирон

0
(Таҷдидшуда 01:13 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

 

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

0
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон