ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Давлатзода мегӯяд, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ нисбати оғози соли 2020-ум 2,6 фоиз зиёд шуда, талабот барои маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ 2,09 фоиз афзуд.
Ба иттилои Давлатзода, дар соли 2020 воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2019 -ум 71,2 миллион сомонӣ кам гардида, 2891 миллион сомониро ташкил дод.
Нашрияи “Садои мардум” хабар додааст, ки андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо тағйир ёфта, меъёри истифодаи маблағ ба 1,5 фоиз расонида шуд.
Инчунин Давлатзода иттилоъ дод, ки дар асоси паёми раисиҷумҳур, нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ, маъюбони то 18-сола ва маъюбони гурӯҳи 1-ум, ки ба онҳо дар асоси қонун дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли 2021 зиёд мегардад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси қонун "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Нафақаи маъюбон, ки аз синни кӯдакӣ, таъйин шудааст ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.
“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун 103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-ум шаш ҳолат зиёд аст.
Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.
Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.
Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.
Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.
Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.
Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".
Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон.
Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон.
Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.