ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Давлатзода гуфт, бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба табақаҳои осебпазир дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба ҳар ниёзманд кумакпулии якдафъаина супорида шуд.
Ӯ афзуд, ки ба ин рӯйхат аз ҷумла маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ, ятимон ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда шомил гардида, дар маҷмуъ ба 265 ҳазору 749 эҳтиёҷманд ба маблағи 400 сомонигӣ, дар маҷмӯъ 107,1 миллион сомонӣ кумакпулии якдафъаина пардохт шуд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ қарори махсусро имзо карда буд.
Ҳукумат тасмим гирифта буд, ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд, ба андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дастур гирифта буд, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳад.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.
"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.
Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.
Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.
Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.
Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.
Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.
Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт
Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.
Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба манзили чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат рафтанд, хабар медиҳад мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Мақомдорон аз ҷумла заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба Бибифайзӣ Қодироваи 95-соларо аёдат карданд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон собиқадори меҳнат, ки тӯли 20 сол раиси Шӯрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмоноваи 90-сола, собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Манзура Бобоҷоноваи 80-сола, собиқадори меҳнат, дорандаи медалҳои ҷашнӣ Муҳаррам Азимоваи 77-сола ва чанд нафари дигар рафта, онҳоро аёдат намуду, бо иди модарон табрик намуданд.
Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд.
Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии мамлакат намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.
Ёдрас мешавем, ки раиси вилояти Хатлон аз номи кишвардори Тоҷикистон сокини Бохтарро ба муносибати Рӯзи модарон табрик намуду ба ӯ калиди хона тақдим кард.