Низоми гармидиҳӣ, акс аз бойгонӣ

Зувайдзода: такя танҳо ба барқ дуруст нест, бояд шабакаҳои гармидиҳӣ сохта шаванд

195
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ низ пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Ба иттилои Зувайдзода, зимистони имсола бори дигар собит намуд, ки дар масъалаи гармкунии манзил ва муассисаҳои тандурустию таълимӣ танҳо ба неруи барқ такя кардан дуруст нест.

“Аз ин рӯ, дар нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо дар қатори кашидани хати барқ ва оби нӯшокию канализатсия бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ низ пешбинӣ шудааст”, - навиштааст “Садои мардум” аз қавли раиси Кумитаи меъморӣ.

Ӯ тавзеҳ дод, ки вобаста ба ҳаҷми бино дар лоиҳаҳо барои соҳибкорон бунёди шабакаҳои хурди автономии каммасраф ба назар гирифта шудааст, ки ба истифодадиҳии онҳо талаботро ба неруи барқ кам мекунад.

Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон  айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, аз ноҳияи Данғара дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Ҷангаш накунед: ширкатҳои Бег Сабур дар шаҳри Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданд

Ин ниҳод мегӯяд, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 383 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, мактабҳои миёна барои 13534 ҷой, беморхонаҳо бо 577 кат, дармонгоҳ барои 436 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1000 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

195
Барчаспҳо:
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сохтмонӣ, Тоҷикистон
День 25 февраля нац

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 18:49 24.02.2021)
Рӯзи бисту панҷуми феврал дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар Кувайт аз Рӯзи миллӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1990 дар ИМА дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.

Соли 1994 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010  Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарқшиноси барҷаста,  Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи  шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.

День 22 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.

Соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.

Соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.

Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.

Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
60
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори Ҳукумат: "лимит"-и нав дар теъдоди тими Рустами Эмомалӣ

7903
(Таҷдидшуда 15:50 23.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҳукумати Душанберо 213 нафар муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, теъдоди кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе зиёдтар шуда, 89 нафар муқаррар гардид. Қаблан чунин тағйирот дар дастгоҳи раисони шаҳру навоҳии дигар низ сурат гирифта буд.

Бештар шудани шумораи ниҳоии кормандон дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки соли гузашта на ҳамаи бастҳои корӣ банд буданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, зимни гузориш ба вакилон дар бораи фаъолияти як соли охир иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар мақомоти шаҳрдорӣ тайи давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доштанд.

“Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо - 26,7фоиз ва 143 нафарро мардон - 73,3фоиз ташкил медиҳанд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.

Нимаи моҳи равон шаҳрдории Душанбе барои ҷалби кормандони нав озмун эълон кард, ки маош аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳоди довталабон гардидааст, ки бахшҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ, аз сармоягузорӣ то ҳуқуқу кор бо ҷомеаро фаро мегиранд.

7903
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, кормандон, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

0
(Таҷдидшуда 00:01 25.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.

Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

0