День 16 февраля нац

"Сангтӯда - 1" таъсис ёфту, Боқиев қаҳрамон шуд: имрӯзи таърих

120
(Таҷдидшуда 13:52 15.02.2021)
Рӯзи шонздаҳуми феврал Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот буда, ҳамзамон рӯзи барқарорсозии давлати Литва мебошад

Рӯзи 16 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 Ҷумҳурии Куба истиқлолият ба даст овард.

Соли 1992 дар раъйпурсии Швейтсария аксарияти аҳолӣ бар зидди манъи истифодаи ҳайвонҳо барои таҷрибаи тиббӣ овоз доданд.

Соли 1903 аввалин маротиба барои пурра кардани дандонҳо  фарфор истифода бурда шуд.

Соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

Соли2005 -  имзои Созишномаи Киото.

Рӯзи 16 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005  Ҷамъияти  саҳомии   муштараки  Русия  ва  Тоҷикистон — Неругоҳи барқи  обии  "Сангтӯда – 1" таъсис ёфт.

Соли 2007 - Расул Боқиев медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудоро ба даст овард.

© Sputnik
Расул Боқиев ба ҳамватанон ва тоҷикони Русияро Наврӯзро муборакбод гуфт

Ҷудочии тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст.

Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар Рио-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо гардида, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва  2012 мебошад.

Соли 2009 унвони Қаҳрамони Русия дар риштаи куштии ҷудоро соҳиб гардидааст.

Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

Соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

Сироджиддин Аслов, архивное фото
Официальная страница пресс-службы МИД РТ в Facebook
Сироджиддин Аслов, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуда, ҷараёни иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъйини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақаро баррасӣ карданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистону Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 феврал

  • Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.
  • Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.

Рӯзи 16 феврал кӣ таваллуд шудааст

Абдулфараҷи Рунӣ (1039 - 1108) - шоири форс - тоҷик.

Юлдош Зиёев (1914 - 1985) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Лақим Қаюмов (1933-1998)- арбоби давлатӣ, дипломат.

Зиёратшо Қодиров (1960) - доктори илми тиб, профессор.

Қурбон Нарзуллоев (1945)- сароянда.

Вадим Ранов (1924 - 2006) - доктори илми таърих, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Салимшо Ҳалимшо (1936) - шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Маҷид Ҳамидов (1907 - 1993) - Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Мирзосафар Шамсуддинов (1958)- шореҳи варзиш.

120
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Строители, архивное фото

Таъсиси беш аз 1,6 миллион ҷойи нави корӣ: чаро муҳоҷирати меҳнатӣ кам намешавад?

14
(Таҷдидшуда 13:11 02.03.2021)
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки дар ҳашт соли ахир дар ҷумҳурӣ 1,6 миллион ҷойи кории нав таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ширин Амонзода, дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”  таъкид доштааст, ки дар  муддати татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020” давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти вазир, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ҳамзамон Ширин Амонзода зикр доштааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Қайд карда шудааст, ки дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

“Танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид”, - гуфт Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои кишвар намехоҳанд кор кунанд. Сабаб ҳам маълум аст  -  моҳонаи кам.

Барои мисол моҳонаи миёна дар шаҳри Душанбе 1357 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 118 доллар аст.

Бояд қайд кард бо ин маблағ шаҳрванд бояд ғизову либос бихарад ва пардохтҳои комуналӣ кунад. Агар шаҳрванд оиладор бошад ин маблағ барои таъмини оила дар як моҳ кифоя намекунад. Ба ҳамин хотир тақрибан аз ҳар як хонаводаи тоҷик як нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки тибци иттилои мацомоти Русия дар ин кишвар аз 700 то як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Соли гузашта ба сабаби паҳншавии вируси корона шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон то 80 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамчунин интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ низ дар соли гузашта 40 дарсад кам шудааст.   

 

14
Барчаспҳо:
таъсис, вазир, кор, муҳоҷират, Тоҷикистон
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

103
(Таҷдидшуда 12:19 02.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Порис дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бритониёи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Муҳиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

103
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Тюремная вышка, архивное фото

Баъди падар писар: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Махмурод Одинаевро равонаи зиндон кард

0
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро Маҳмурод Одинаевро содир кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳумрод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.

Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст

Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

 

0