День 18 февраля нац

110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих

507
(Таҷдидшуда 21:02 19.02.2021)
Рӯзи ҳаждаҳуми феврал дар Гамбия — Рӯзи истиқлолият, дар Исландия – Рӯзи занон, Рӯзи Вашингтон дар ИМА ва Рӯзи маъмурони роҳ дар Русия мебошад

Рӯзи 18 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 миёни Британиёи Кабир ва Зеландияи Нав алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 1952 Туркия ва Юнон ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамроҳ шуданд.

Соли 2016 дар Ҳиндустон ширкати маҳаллӣ — мобилии "Ringing Bels" арзонтарин смартфон дар ҷаҳонро ба фурӯш баровард, ки 3,6 доллари ИМА арзиш дошт.

Рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар вилояти Суғд фестивал-озмуни "Таронаи русӣ" баргузор гардид.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон —  шаҳри Душанбе  миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 1911 бар асари заминҷунбӣ дар нуқтаи марказии дарёи Мурғоб (дар Тоҷикистон) дар рӯ ба рӯи деҳаи Усой  кӯҳпораҳои зиёде пеши дарёро гирифта, сарбанд ташкил карданд, ки  дар натиҷа кӯли калоне пайдо шуда, деҳаи Сарез зери об монд. Аз ин сабаб он ҳоло дар ҷаҳон ҳамчун кӯли Сарез машҳур аст.

Сарезское озеро на Памире, архивное фото
© Sputnik / Ратушенко
Сарезское озеро на Памире, архивное фото

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон  оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 феврал

  • Дар Гамбия — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Исландия – Рӯзи занон.
  • Рӯзи Вашингтон дар ИМА.
  • Рӯзи маъмурони роҳ дар Русия.

Рӯзи 18 феврал кӣ таваллуд шудааст

Гулсара Абдуллоева (1948) актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Сайдулло Абдуллоев (1945 2001) доктори илми таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Авнер Аминов (1929) мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раъно Бобоҷонова (1971)- доктори илми филологӣ, профессор.

Дмитрий Дудкин (1909 1981) нависанда.

Зафар Дўстов (1944) нависанда.

Хурсандмурод Зарифов (1961) сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Геннадий Зубарев (1914-1973)- арбоби давлатӣ.

Сафаралӣ Кенҷаев (1942 1999) арбоби давлатӣ, нависанда.

Юлий Кёрнис (1907-1977)- доктори илми кишоварзӣ.

Мирзонабии Холиқ (1962)- журналист.

Рустам Мукимов (1946) доктори илми меъморӣ, профессор.

Санъат Олимов (1932-1987)- мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Насириддин Тўсӣ (1201 1274) мутафаккири форс тоҷик.

Инна Филимонова (1920)- кинодраматург, дорандаи Ҷоизаи давлатии.

507
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори Ҳукумат: "лимит"-и нав дар теъдоди тими Рустами Эмомалӣ

7523
(Таҷдидшуда 15:50 23.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҳукумати Душанберо 213 нафар муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, теъдоди кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе зиёдтар шуда, 89 нафар муқаррар гардид. Қаблан чунин тағйирот дар дастгоҳи раисони шаҳру навоҳии дигар низ сурат гирифта буд.

Бештар шудани шумораи ниҳоии кормандон дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки соли гузашта на ҳамаи бастҳои корӣ банд буданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, зимни гузориш ба вакилон дар бораи фаъолияти як соли охир иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар мақомоти шаҳрдорӣ тайи давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доштанд.

“Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо - 26,7фоиз ва 143 нафарро мардон - 73,3фоиз ташкил медиҳанд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.

Нимаи моҳи равон шаҳрдории Душанбе барои ҷалби кормандони нав озмун эълон кард, ки маош аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳоди довталабон гардидааст, ки бахшҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ, аз сармоягузорӣ то ҳуқуқу кор бо ҷомеаро фаро мегиранд.

7523
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, кормандон, Тоҷикистон
Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд

Ҳабси 57 ва кофтукоби 100 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд

1168
(Таҷдидшуда 15:28 22.02.2021)
Масъулони раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯянд, нисбати онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ карданд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, гуфт бинобар сари вақт пардохт накардани маблағи алимент ва иҷро накардани ӯҳдадории қарзии худ дар назди фарзандон 57 алиментсупоранда аз озодӣ маҳрум шуданд.

Иброҳимзода гуфт, 184 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ва ё ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд.

“Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад”,  - таъкид намуд Иброҳимзода.

Муовини сардори Раёсати иҷро дар Суғд гуфт, бо вуҷуди муқаррароти қонун баъзе алиментсупорандаҳо саривақт ба суд ҳозир нашуданд ва ҳоло нисбати 100 нафар  кофтукоби ҷиноӣ эълон шудааст.

Бино ба иттилои Иброҳимзода, аз соли 2020 ба ин тараф дар назорати кормандони Раёсати иҷро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 21 ҳазору 791 адад истеҳсолоти иҷрои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди иҷроиши давравӣ қарор доранд.

Соли гузашта бар тибқи 108 адад ҳуҷҷати иҷро, барои рӯёнидани алимент 33 муҳосиботи ҷойи кори қарздорон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар соли 2019, барои насупоридани алимент 65 нафар ҳабс шуда, нисбати 120 қарздори дигар чораи сафарбар намудан ба корҳои ислоҳӣ татбиқ шуда буд.

Соли 2018 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он минбаъд нисбати волидоне, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 177  корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда мешавад.

1168
Барчаспҳо:
пардохт, фарзанд, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0