Строители на стройке нового дома

Замини Сино аз ҳисоби Рӯдакӣ зиёд шуду сохтмонҳо кам: шарҳи раиси ноҳия

158
(Таҷдидшуда 18:29 20.02.2021)
Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз бурду бохти бахшҳои гуногуни ноҳия дар соли 2020 гуфт

ДУШАНБЕ, 20  фев — Sputnik. Салимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аҳолӣ ва замини ноҳияи Сино соли гузашта, зиёд шуду сохтмонҳо коҳиш ёфтаанд. Салимзода тавзеҳ дод, ки замину аҳолии ноҳия дар соли гузашта аз ҳисоби пайваст шудани заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ афзоиш ёфт.

Надпись Я люблю Шахритус
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба иттилои ӯ, соли 2020 аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино беш аз 2,3 ҳазор гектар замин ва ҳудуди 77,7 ҳазор аҳолӣ гузаштаанд. Масоҳати ноҳияи Сино асосан аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои “Чоряккорон”, “Чимтеппа”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ васеъ гардид.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи гузаштани бархе аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба Сино, ин ноҳия, ки калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад, ду тақсим карда мешавад. Аммо феълан санаи дақиқ дар ин робита ироа нашудааст.

Дар ҳамин ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ ба маблағи 820,3 миллион сомонӣ иҷро шуда, ба 68,6  фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар мебошад.

Инчунин 112 ҳазору 630 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 68,3 фоизро ташкил медиҳад.

Нусратулло Салимзода дар маҷмуъ таъкид кардаст, ки сарфи назар аз мушкилоти марбути пандемия соли гузашта, дар ноҳияи Сино нақшаи буҷа 102,9 фоиз иҷро шуда, ҳудуди 798 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

158
Барчаспҳо:
сохтмонӣ, замин, Тоҷикистон
День 27 января

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

52
(Таҷдидшуда 18:53 26.02.2021)
Рӯзи бисту ҳафтуми феврал дар Русия аз Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус ҷашнг гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Доминикан истиқлолияти худро эълон намудаст

Рӯзи 27 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.

Соли  1900 дастаи футболи "Бавария" таъсис дода шуд.

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи "People" бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

Рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмблема Центральной комиссии по выборам и референдумам  Республики Таджикистан
© Sputnik Амир Исаев
Эмблема Центральной избирательной комиссии Республики Таджикистан

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи гаравхона (ломбард)"-ро қабул намуд.

День 25 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Рушди минтақаҳо" Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал

  • Дар Русия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

Рӯзи 27 феврал кӣ ба дунё омадааст

Соли 1933 - ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.

Соли 1941 - доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.

Соли 1963 – шоира Гули Зард

52
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Пункт пропуска на границе, архивное фото

Мулоқоти маҷозии Нозирӣ бо Арзиев: марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мешавад?

1122
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни як конфронси видеоӣ ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокироти маҷозӣ гузаронданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо ҳамтои худ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Намояндагони шӯъбаҳои дипломатӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯён аз 17 феврал иҷозаи убур аз марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарёфт карданд.

Қаблан донишҷӯёни ӯзбекистонӣ танҳо ба воситаи нуқтаҳои наздисарҳадии "Сариосиё", "Ойбек" ва "Сарбанд" вориди Тоҷикистон мешуданд. Мушаххас карда нашудааст, ки оё донишҷӯёни тоҷик аз ин гузаргоҳ ба Ӯзбекистон гузашта метавонанд ё не.

Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин гузаргоҳи "Ҷартепа" барои интиқоли колоҳо боз шуда буд. Аз моҳи январ мошинҳои боркаш метавонистанд аз он убур кунанд, аммо барои афрод убур ғайриимкон буд.

Бисёре аз гузаргоҳҳо дар замони пандемия баста шуда буданд. Бо мурури муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ рафтуомади одамон миёни кишварҳо дубора барқарор шуда истодааст.

1122
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

109
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

109
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон