Тренировка ФК Спартак. Архивное фото

Футболбози ҷавони тоҷик мехоҳад дар Маскав бозӣ кунад

4
(Таҷдидшуда 11:59 24.12.2014)
Бозигари понздаҳсолаи футболи Тоҷикистон тасмим дорад дар сабқатҳои футболи Русия бозӣ кунад, аз ин рӯ дар академияи футболи он кишвар таҳсилро идома медиҳад.

Душанбе, 24 дек — Sputnik. Ҷамшед Махсумов, нимҳимоятгари мунтахаби футболи ҷавонони кишвар мавриди санҷиши мутахассисони Академияи футболи "Спартак"-и Маскав ба номи Фёдор Черенков қарор дорад, менависад сомонаи ФФТ.

Ба гуфти худи ӯ, тарбиягирандагони Академияи "Спартак" ба таътили зимистона баромадаанд ва пас аз таҷлили Соли Нав, яъне 12 январ ба тамринот шурӯъ мекунанд. Бозигари 15-солаи тоҷик аснои мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) иброз доштааст, ки аз санҷиш хоҳад гузашт ва дар Академияи мазкур таҳсилу тамринро идома медиҳад.

Ҷамшед Махсумов мавсими футболи соли 2014-ро дар ҳайати дуввуми тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон пушти сар карда, медали тиллои сабқати ҷавононро ба даст овардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби футболи ҷавонони ҷумҳурӣ низ дар мусобиқоти қаҳрамонии "Осиё-2014" ширкат кардааст. Дар бозии санҷишии "Спартак" (ҳайати дуввум) бо ФШМ ҳунарнамоӣ дошт ва ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи "Спартак" анҷом ёфтааст.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе барои севвумин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ (соли 2014) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашта, соҳиби медалҳои тилло гардид.  

4
Барчаспҳо:
нимҳимоятгар, бозигар, Истиқлол, Спартак, ФФТ, Ҷамшед Махсумов, Маскав, Русия, Тоҷикистон
Юношеская лига Таджикистана U-17

Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

34
(Таҷдидшуда 10:17 18.01.2021)
Қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Тавре  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра  гузаронда мешаванд.

"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян  хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - менависад манбаъ.

Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда  ба даст меоранд.

Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?

Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.

34
Сергей Харитонов, архивное фото

Харитонов мегӯяд, Нурмуҳаммадовро танҳо пул метавонад ба UFC баргардонад

167
(Таҷдидшуда 14:33 17.01.2021)
Размикор Сергей Харитонов бар ин бовар аст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танҳо пули калон метавонад ба UFC баргардонад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук, Хабиб Нурмуҳаммадов танҳо барои маблағ метавонад фаъолияташро дубора барқарор кунад, мегӯяд Сергей Харитонов.

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

Рӯзи шанбе сарвари UFC Дана Уайт эълом дошт, ки Нурмуҳаммадов пас аз набарди Дустин Пуэри амрикоӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ, ки дар доираи UFC 257 рӯзи 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Даби баргузор мешавад, тасмим мегирад, ки карераро аз сар гирад ё хайр.

"Ин кори шахсии ҳар кас аст, новобаста аз он, ки ягон қарор қабул кунад ё не. Ҳар кас амбицияи худро дорад, ҳама чизи дилхоҳашро карда метавонад. Ҳавасмандии асосӣ пул аст, аз ин рӯ танҳо пул метавонад Хабибро баргардонад", - гуфтааст Харитонов ба РИА Новости.

Нурмагомедов 24 октябри соли гузашта ҳарифи амрикоии худ Ҷастин Гэдҷиро бо роҳи буғӣ кардан, мағлуб кард ва бори сеюм унвони қаҳрамонии UFC-ро ҳифз кард.

Дарҳол пас аз анҷоми набард, размикори 32 - солаи доғистонӣ эълон кард, ки барои ҳамешагӣ октагонро тарк мекунад. Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.

167
Скриншот из клипа таджикской певицы Зулайхо Махмадшоева и узбекской звезды Озода Нурсаидова

Тоҷикӣ: нашри намоҳанги нави Зулайхо бо овозхони ӯзбек Озода Нурсаидова - видео

0
(Таҷдидшуда 12:44 18.01.2021)
Овозхони попи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва сарояндаи номии ӯзбекистонӣ Озода Нурсаидова таронаи тозаеро ҳамсароӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони номии тоҷик чанде пеш аз сабти як намоҳанги муштарак бо овозхони машҳури ӯзбекистонӣ Озода Нурсаидова хабар дода, афзуда буд, он 14 январ пешниҳоди мухлисон мегардад.

Таронаи ҳамсароии ситораҳо "Лейлӣ" ном дошта, ҳамагӣ дар се рӯз онро дар шабакаи Ютуб, дар канали Зулайхо Маҳмадшоева бештар аз 114 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Намоҳангро дар саҳифаи Озода Нурсаидова бошад, 140 ҳазор бор тамошо кардаву 4 ҳазору 800 нафар тугмаи "лайк"-ро пахш кардаанд.

Тавре Зулайхо Маҳмадшоева хабар додааст, шеъри тарона ба Ризо Рад таллуқ дорад ва оҳанги онро худи Озода Нурсаидова навиштааст.

Таҷрибаи ҳамсароии овозхонҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ солҳои ахир байни ҳунармандони ду кишвар "мӯд" шудааст.

Пештар Шабнами Сурайё бо Юлдуз Усмонова ва Ҷонибек Муродов бо Юлдуз Турдиева ҳамсароӣ карда буданд.

Шабнами Сурайё бо писари Шералӣ Ҷӯраев, Зоҳиршоҳ Ҷӯраев таронаеро суруда буд.

Ҳамчунин Ҷонибек Муродов бо овозхони ӯзбек сардор Раҳимхон таронаеро бо номи "Дӯстон" иҷро карда буд, ки хело шӯҳратёб гардид.

Ҷолибаш ин аст, ки қариб ҳамаи таронаҳое, ки сарояндагони ду давлат иҷро карданд, бо забони тоҷикӣ суруда шудаанд.

0