Дзюдо, архивное фото

Варзишгарони тоҷик аз Бишкек ҳашт медал оварданд

9
(Таҷдидшуда 07:55 26.12.2014)
Ҳашт медал (4 нуқра ва 4 биринҷӣ) чунин аст дастоварди варзишгарони ҷавони тоҷик дар пойтахти Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми "Хон Манас" дар Бишкек ҳашт медал ба даст оварданд, менависад сомонаи КМО-и ҶТ.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори панҷум барпо гардид, 180 нафар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доштанд. Занон дар 7 вазн ва мардон дар 8 вазн рақобат карданд.

"Дар сабқати занон Мавлуда Саъдуллоева дар вазни 52 кило бо медали нуқра ва Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар сабқати мардон Салман Раҳмихудоев дар вазни 66 кило, Ҳамроҳ Раҷабов дар вазни 73 кило ва Ғиёсиддин Раҷабзода дар вазни 81 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Се нафари дигар — Меҳроҷ Ғафуров дар вазни 60 кило, Рашиди Шодибек дар вазни 90 кило ва Рауф Зиёбеков дар вазни беш аз 90 кило барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд",- гуфт Аҳтам Раҷабов, сармураббии бошгоҳи варзишии "Вастан".

Ба қавли ӯ, ду нафари ин варзишкорон тарбиятгирандагони бошгоҳҳо аз вилояти Суғд, 6 нафари дигар аъзои бошгоҳи варзишии "Вастан" аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мебошанд. 

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби ҳашт медали тилло (шаш — мардон, ду — занон) ғолиб шуд ва бо Ҷоми "Хон Манас" сарфароз гашт. Варзишгарони Қазоқистон, ки шаш медали тилло гирифтанд, дувум шуданд. Мунтахаби Русия бо як медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифт.

9
Барчаспҳо:
варзишгарони ҷавони тоҷик, ҳашт медал, дзюдо, Ҷоми “Хон Манас, КМО, Ғиёсиддин Раҷабзода, Рауф Зиёбеков, Рашиди Шодибек, Меҳроҷ Ғафуров, Аҳтам Раҷабов, Бишкек, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия