Сохтмони маҷмаъаи варзишӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе нахустини "Кохи зимистона"-и варзиширо бунёд мекунанд

5
(Таҷдидшуда 17:25 06.02.2015)
Маҷмаъи варзишии “Пойтахт-90”, ки интизор меравад соли 2016 мавриди истифода қарор бигирад, аз варзишгоҳи теннис, шиноварӣ ва кохи ях иборат аст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Маҷмаъаи варзишии гуногунҳадаф барои баргузории мусобиқоти маҳаллӣ ва ҳамчунин барои баргузории бозиҳои Олимпӣ соли 2016 мавриди истифода қарор мегирад, омадааст дар хабари сойти Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон (ФМШТ).

Маҷмаъаи гуногунҳадафи варзишии "Пойтахт-90", ки тӯли ду соли ахир дар хиёбони Карамови шаҳри Душанбе бунёд мешавад, аз кохи теннис бо 3 ҳазор ҷойи нишасти тамошочиён ва кохи намудҳои варзиши обӣ бо 2 ҳазор ҷойи нишасти тамошобинон иборат аст.

"Маҷмаъа аз кохи варзиши кушода ва нимкушода, майдончаҳои бозии теннис, ҳавзҳои бузург ва кӯчак барои баргузории мусобиқоти мухталифи варзиши обӣ ва кохи ях иборат мешавад", — омадааст дар хабар.

Ҳар яке аз кохҳои варзишӣ барои аз 150 то 3000 ҷойи нишасти тамошочиён пешбинӣ шудааст. Ҳавзҳои чуқуриаш андак ва то 3 метр бо таъсисоти ҷаҳиш ба об бо баландии аз 1,5 метр то 3, 7 ва 10 метр муҷҷаҳаз мешаванд.

Умури сохтмонӣ аз сӯйи ширкати "Ростовгипрошахт" анҷом дода таҳияи ин маҷмаъа аз сӯйи ширкати русиягии "ТехноЛогика" омода шудааст.

Тибқи иттилоъи сойти "Ростовгипрошахт" маҷмаъаи бунёдшаванда барои баргузории тамринот ва мусобиқоти бозии теннис, ҳамчунин мусобиқоти байналмиллалии бозии теннис ва ҳамзамон барои баргузории мусобиқот ва омӯзишу тамрини намудҳои дигари варзиш, назири баскетбол, волейбол, мини футбол, гандбол, тенниси рӯйи миз, гӯштинггирӣ, гимнастикаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

5
Барчаспҳо:
омодагии нахустин кохи варзишии зимистона, "ТехноЛогика", "Ростовгипрошахт", маҷмаъаи "Пойтахт-90", Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Варзиш-Спорт” Хуршед Маҳмудовро беҳтарин футболбози сол эълом кард