Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими Хайр ва сармураббии тими футболи  Шайх Рассел Драган Дуканович

Ҷоми АФК-2015: “Хайр” бо “Sheikh Russel” рақобат мекунад

5
(Таҷдидшуда 11:53 10.02.2015)
Барои бозигарони бангладешӣ ҳавои Душанбе хеле сард аст, онҳо чунин ҳаворо ҳеч гоҳ надидаанд. Аммо бо ҳар вуҷуд меҳмонон ба пирӯзӣ умед доранд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra» аз шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш пеш аз бозии ҳарду дар даври дуюми интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё барпо гардид, иттилоъ медиҳад сойти ФФТ.

Ба қавли манбаъ, бозии байни дастаҳои "Хайр" ва "Sheikh Russel Krira Chakra" рӯзи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд".

Мо ба Душанбе дар муддати 22 соат расидем ва хеле хаста шудем. Ба ҷуз ин ба Душанбе ҳафт бозигари ҳайати асосии мо, ки ба бозии рафиқона бо Малайзия омодагӣ мебинанд, наомадаанд. Мо аз майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе, ки чаманаш сунъист, дидан кардем. Вале мо дар чунин майдон ҳеҷ вақт бозӣ накардаем.Дар Бангладеш майдонҳо бо алафи сунъӣ мавҷуд нестанд. Инчунин, ман системи футболи шӯравиро хеле хуб медонам. Дар кишварҳои собиқи шӯравӣ нисбат ба бисёр кишварҳои Осиё футбол хубтар ба роҳ монда шудааст ",- иброз дошт",- Драган Дуканович, сармураббии дастаи "Sheikh Russel Krira Chakra".

Мураббии дастаи меҳмонон афзуд, дар Бангладеш чунин системи омодагӣ вуҷуд надорад. Бар замми ин, "Хайр", ки дар майдони худ бозӣ мекунад, дар қувваозмоӣ барои ғолибият имкони хуб дорад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дастаи мо баҳри ғалаба 90 дақиқа мубориза хоҳад бурд.

Ҳамзамон, Ризо-ул-Ризо, капитани "Sheikh Russel", зикр намуд, барои бозигарони бангладешӣ ҳавои Душанбе хеле сард аст. Онҳо чунин ҳаворо ҳеч гоҳ надидаанд. Дар "Sheikh Russel" легионерҳо — бозигарон аз Босния, Ямайка ва Нигерия ҳастанд, ки ба даста барои бо "Хайр" мубориза бурдан кӯмак хоҳанд кард.

Сармураббии "Хайр" Тоҳир Мӯъминов мегӯяд, ҳар ду даста пеш аз бозӣ дар шароити якхела қарор доранд.

"Майдони сунъӣ ҳеч гуна нақш бозӣ намекунад, касе ки зӯртар аст, бояд ғалаба кунад. Ман дар вақташ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳо дар варзишгоҳҳои кишварҳои гуногун бозӣ кардаам. Мавридҳое буд, ки мо дар майдонҳои шароиташон ниҳоят бад бозӣ кардаем, вале ҳеч гоҳ шикоят накардаем",-илова кард сармураббии "Хайр".

Бозии дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra» имрӯз, 10 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат хоҳад гирифт.

 

5
Барчаспҳо:
рақобат, футбол, АФК-2015, "Sheikh Russel Krira Chakra", "Хайр", Ризо-ул-Ризо, Драган Дукнович, Тоҳир Мӯъминов, Бангладеш, Душанбе, Тоҷикистон