Ласточка ғолиби мусобиқаи футбол миёни дастаҳои занона

“Ласточка”- ғолиби мусобиқаи футбол бахшида ба 8 март

7
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои занона, ки ба Рӯзи байналмилалии занон – 8-уми март бахшида шуда буд, ва дар он панҷ тим ширкат дошт, бо пирӯзии “Ласточка”-и Душанбе анҷом ёфт.

 ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дастаи "Ласточка"-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон гардид, иттилоъ медиҳад сойти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои дафтари матбуотии ФФТ, дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, панҷ даста — «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқ» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  ширкат карданд. Бозиҳо дар як давра баргузор шуданд.

Дастаи "Ласточка" —и Душанбе бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов, ки дар ҳар чор бозиаш бар тимҳои  «Зебо» (3:0), «Вахш» (6:0), «Барқ» (4:0) ва  «Регар-ТадАЗ» (5:0) ғолиб омад, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Ҷойи дувум бо 9 имтиёз насиби  дастаи «Барқ» гардид. Дастаи «Зебо" бо 6 имтиёз ҷойи севумро касб кард. Дастаҳои пешсаф мувофиқи ҷойҳои ба даст овардаашон бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ, инчунин либоси варзишӣ мукофотонида шуданд.

Беҳтарин дарвозабон Нигора Ҳайдаралиева («Ласточка»), беҳтарин ҳимоятгар Сахина Саидова («Зебо»), беҳтарин нимҳимоятгар Насиба Олимова («Барқ») ва беҳтарин ҳамлагар Гулсунбӣ Шарифова («Ласточка») бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд. 

7
Барчаспҳо:
бахшида ба 8 март, футбол миёни дастаҳои занон, тими "Зебо", ФФТ, дастаи "Ласточка", Гулсунбӣ Шарифова, Насиба Олимова, Сулаймон Бобокалонов, Сахина Саидова, Нигора Ҳайдаралиева, Душанбе, Тоҷикистон
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

657
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

657
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

1006
(Таҷдидшуда 17:05 24.01.2021)
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ баъди шикаст аз Дастин Поре изҳор дошт, ки омода аст, бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.

Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.

“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.

Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ  шарҳ дод.

"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.

Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.

1006
Барчаспҳо:
шикаст, сабқат, Ҷаҳон
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

62
(Таҷдидшуда 11:54 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

62
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон