Бозигарони тими Истиқлол. Акс аз бойгонӣ

Аввалин пирӯзии дастаи “Истиқлол” дар мусобиқоти Ҷоми АФК-2015

6
(Таҷдидшуда 11:59 12.03.2015)
Бозии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Аҳал”-и Туркманистон дар Ашқобод бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт. Тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев ва Хуршед Маҳмудов дар дақиқаҳои 4 ва 66-уми бозӣ ба нишон расониданд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бар тими "Аҳал", барандаи Ҷоми Туркманистон-2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба навиштаи манбаъ, ин бозии сабқати гурӯҳи "С" шоми дирӯз, 11-уми март, дар варзишгоҳи «Ашқобод»-и пойтахти Туркманистон баргузор шуд. Зимнан, ин нахустин пирӯзии дастаҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC маҳсуб мешавад.

Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари "Истиқлол", дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Вале мизбонон дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Сулаймон Оразов ба ҳадаф расонд. Голи дувуми "Истиқлол"-ро нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 70-ум зад.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 60-ум сардовар ба дарвозаи "Истиқлол" ҷаримаи 11-метра таъин кард. Ва аммо ин дафъа дарвозабони меҳмонон Никола Стошич, легионер аз Сербия, тӯби аз пеналтӣ задаи Мамадалӣ Карадановро баргардонд. Дарвоқеъ, дар ин бозӣ маҳорати баланди Стошич дарвозаи "Истиқлол"-ро борҳо аз гол эмин дошт.

Дар бозии дигари гурӯҳи "С" тими "Ал-Қадсия"-и Кувайт дастаи "Эрбил"-и Ироқро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод.

Баъд аз ду даври мусобиқот тими "Ал-Қадсия" бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. "Эрбил" ва "Истиқлол" се холӣ дошта, мақоми дуввуму сеюмро касб кардаанд.

Рӯзи 18 март дар Кувайт бозии ҷавобӣ миёни "Истиқлол" ва барандаи феълии Ҷоми АФК тими "Ал-Қадсия" баргузор хоҳад шуд.

6
Барчаспҳо:
нахустин ғалаба дар Ҷоми АФК, пирӯзии Истиқлол, футбол, Ҷоми AFC-2015, Ҷоми АФК, Ал-Қудсия, Ахал, Эрбил, "Истиқлол", Сулаймон Оразов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Ашқобод, Туркманистон
Мавзуъ
Ҷоми ФФТ: “Истиқлол” тими “Регар-ТадАз”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод
“Истиқлол” дар сабқати Ҷоми ФФТ “Кӯктош”-ро торумор кард
Рақибони “Истиқлол” маълум шуданд
Бохти “Истиқлол” дар нахустин бозии санҷишӣ дар Анталия
“Истиқлол” бо “Элверсберг” ва “Шахтёр” рақобат мекунад

"Боз як Ҳабиб дар UFC": рекорди нави варзишгар дар 17 сония - видео

391
(Таҷдидшуда 14:41 20.09.2020)
Дар Лас-Вегас бозии UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкори чеченӣ дар ин намуди варзиш рекорди нав гузошт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Размикори чеченӣ Ҳамзат Чимаев, ки аз номи Шветсия мусобиқа мекунад, торафт машҳур мешавад.

Чанде пеш дар Лас-Вегасе мусобиқаи UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкор бори нуҳум паиҳам пирӯз шуд.

Чимаев бо варзишкори амрикоӣ Ҷералд Миршерт ба майдон баромад. Ин бозии басо тезутунд, танҳо чанд сония давом карду халос.

Чимаев бозиро бо худбоварии хос сар кард ва дар зарбаи якум ҳарифашро беҳуш намуд. Ва ин дар сонияи 17-уми мусобиқа!

Ин пирӯзӣ барои Чимаеве, ки торафт номитар мешавад, дар ММА 9-ум ва дар UFC 3-ум буд.

Ин тактикаи ғайримаъмулии Чимаевро дар муҳорибаҳои омехта бо Ҳабиб муқоиса намуда, ӯро боз як Нурмуҳаммедов дар саҳнаи UFC меноманд.

391

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1356
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1356
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0