Бозии Истиқлол бо Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ

“Истиқлол”-и Душанбе имсол ҳам Ҷоми ФФТ-ро соҳиб шуд

8
“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон), ки шоми 15-уми март дар пойтахти кишвар ба поён расид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод, омадааст дар сомонаи ФФТ.

Нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов дар дақиқаҳои 38-ум, 85-ум ва 90-ум се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигари "Истиқлол"-ро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи "Хайр" ворид намуданд. Як голи "Хайр"-ро Фазлиддин Сафаров дар замони изофӣ (90+2) ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, "Истиқлол" барои бори дувум пайиҳам Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Дарвоқеъ, ин дувумин ҷоизаест, ки қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар мавсими имсола соҳиб шудааст. Ёдовар мешавем,ки "Истиқлол" моҳи феврали соли равон дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ғолиб шуда буд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ ССКА "Помир"-и Душанбе барои ҷойи сеум бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Тӯбро Беҳзод Шарифов ба ҳадаф расонд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 45 ҳазор сомониро ташкил медод. Дастаи ғолиб — «Истиқлол»  —  бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ба дастаи "Хайр", ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ССКА "Помир", ки ҷойи севумро соҳиб гашт, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

8
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, қаҳрамон, бозӣ, футбол, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, "Хайр", "Истиқлол", Душанбе
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд

14
(Таҷдидшуда 12:50 27.02.2021)
Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.

Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

14
Барчаспҳо:
Олимпиада, Тоҷикистон
Рустам Эмомали президент ФФТ

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

417
(Таҷдидшуда 10:17 27.02.2021)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Барномаи махсуси президенти ФФТ дар бораи рушди футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2024 – ро тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.

“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.

ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол,  ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.

417
Барчаспҳо:
чемпионат, лигаи аввали футбол, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз баҳси забонҳои помирӣ ва пешниҳодҳо ба Ҳукумат гуфт

0
(Таҷдидшуда 14:29 27.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз баҳсу мунозираҳо атрофи забонҳои помирӣ гуфт, ки ба иттилои ӯ ҳамарӯза сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд. 

Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.

Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт сурат нагирифтааст.

0
Барчаспҳо:
забон, Тоҷикистон