Бозигарони Истиқлол

Бозии “Истиқлол” бо “Газовик”-и Оренбург дар назар аст

7
(Таҷдидшуда 10:20 18.05.2015)
Ба эътиқоди шореҳони бозии футбол, бозии дар пеш истодаи дӯстона, навъи рақобати бародарон Восиевҳо хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Бозии байналмиллалии дӯстонаи миёни қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, тими футболи "Истиқлол" ва дастаи "Газовик"-и Оренбург, ки дар лигаи миллии ФР рақобат мекунад, 21 июн дар Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилоъи сомонаи расмии тим, бозӣ бо тавофуқи ду ҷониб соати 19:00 рӯзи 21 июн дар Варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Шореҳони варзишӣ зикр мекунанд, ки дар ҳайати тими "Газовик" муҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев бозӣ мекунад, ки аз соли 2013 ба ин тими Оренбург пайвастааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки бародари бузурги Фарҳод — Дилшод Восиев бозигари тими "Истиқлол" мебошад. Ба эътиқоди онҳо, бозии дар пеш истодаи дӯстона навъи рақобати бародарон Восиевҳо хоҳад шуд.

7
Барчаспҳо:
рақобати тимҳо дар Душанбе, бозии дӯстонаи "Истиқлол" бо "Энергетик"-и Оренбург, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Фарҳод Восиев, Дилшод Восиев, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Истиқлол” дастаи “Аҳал”-ро ро шикаст дода ба 1/8 финал баромад
«Истиқлол» дар гурӯҳи худ дар сабқати Ҷоми КФО пешсаф аст
“Истиқлол” бори панҷум барандаи Ҷоми олии футболи Тоҷикистон гардид
“Истиқлол”-и Душанбе имсол ҳам Ҷоми ФФТ-ро соҳиб шуд
Ҷоми ФФТ: “Истиқлол” тими “Регар-ТадАз”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод
“Истиқлол” дар сабқати Ҷоми ФФТ “Кӯктош”-ро торумор кард

"Боз як Ҳабиб дар UFC": рекорди нави варзишгар дар 17 сония - видео

341
(Таҷдидшуда 14:41 20.09.2020)
Дар Лас-Вегас бозии UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкори чеченӣ дар ин намуди варзиш рекорди нав гузошт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Размикори чеченӣ Ҳамзат Чимаев, ки аз номи Шветсия мусобиқа мекунад, торафт машҳур мешавад.

Чанде пеш дар Лас-Вегасе мусобиқаи UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкор бори нуҳум паиҳам пирӯз шуд.

Чимаев бо варзишкори амрикоӣ Ҷералд Миршерт ба майдон баромад. Ин бозии басо тезутунд, танҳо чанд сония давом карду халос.

Чимаев бозиро бо худбоварии хос сар кард ва дар зарбаи якум ҳарифашро беҳуш намуд. Ва ин дар сонияи 17-уми мусобиқа!

Ин пирӯзӣ барои Чимаеве, ки торафт номитар мешавад, дар ММА 9-ум ва дар UFC 3-ум буд.

Ин тактикаи ғайримаъмулии Чимаевро дар муҳорибаҳои омехта бо Ҳабиб муқоиса намуда, ӯро боз як Нурмуҳаммедов дар саҳнаи UFC меноманд.

341

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1356
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1356
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

108
То санаи 20 сентябр дар мамлакат 8108 (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 73 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9346  нафар баробар гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, то санаи  20 сентябр дар кишвар  8108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

108