Футболбозони дастаи Истиқлол

Истиқлол барои нахустин бор ба ¼ финали Ҷоми КФО баромад

4
(Таҷдидшуда 09:59 27.05.2015)
Фурсати асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. “Истиқлол” аз зарбаҳои 11-метра истифода карда ба рақиб пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бозии дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон бо тими "Ал-Ваҳда"-и Сурия дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 ​дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, менависад сомонаи ФФТ.

Барои муайян кардани ғолиб ба дастаҷҳо вақти иловагӣ дода шуд. Вале азбаски ин фурсат низ ғолибро муайян накард, ба дастаҳо имконияти истифода аз зарбаҳои 11-метра дода шуд. Бозингарони "Истиқлол" дар ин зарбаҳо дақиқтар амал карданд, бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Ин бозӣ бо иштироки 17 ҳазор бинанда дар варзишгоҳи марказии Душанбе шоми 26 май барпо шуд.

4
Барчаспҳо:
4:2, варзишгоҳ, 17 ҳазор тамошобин, пирӯзӣ, ҳаштякфиналӣ, "Ал-Ваҳда", "Истиқлол", Сурия, Душанбе