Қуръапартоии даври чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015, 18 июни соли 2015

Рақиби “Истиқлол” дар ¼ финали Ҷоми AFC маълум шуд

7
(Таҷдидшуда 14:50 19.06.2015)
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими овозадор аз Малайзия бозӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими "Паҳанг"-и Малайзия рақобат мекунад, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Рақиби "Истиқлол" рӯзи гузаштаи 18 июн, дар натиҷаи қуръакашӣ, ки дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур доир гашт, маълум шуд.

Бозии аввал 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана баргузор мешаванд. Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷкистон,  агар «Истиқлол» ба финали Ҷоми AFC роҳ ёбад, он гоҳ бозии ниҳоӣ 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

 

7
Барчаспҳо:
мусобиқа, даври ниҳоӣ, футбол, Паҳанг, Истиқлол, Ҷоми КФО-2015, Варзишгоҳи марказии пойтахт, Малайзия, Душанбе, Тоҷикистон
Горнолыжный спорт, архивное фото

Варзишгарони тоҷику ӯзбек ва қирғизу қазоқ дар Орловка мусобиқа мекунанд

5
(Таҷдидшуда 12:36 18.01.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи лижаронӣ Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

5
Барчаспҳо:
лижаронӣ, Қирғизистон, варзишгарони тоҷик
Юношеская лига Таджикистана U-17

Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

42
(Таҷдидшуда 10:17 18.01.2021)
Қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Тавре  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра  гузаронда мешаванд.

"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян  хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - менависад манбаъ.

Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда  ба даст меоранд.

Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?

Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.

42