Бозии Тоҷикистон-Қирғизистон дар Остона 23.06.2015

Мунтахаби наврасони тоҷик бар наврасони қирғиз пирӯз шуданд

18
(Таҷдидшуда 09:40 24.06.2015)
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Мунтахаби наврасони футболи зери 16-солаи Тоҷикистон рӯзи 23 июн дар даври дуюми мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад, менависад сомонаи ФФТ.

Ҳисобро дар қисми аввали бозӣ Зиёвуддин Фузайлов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон кушод. Ба он нигоҳ накарда, ки Саидмухтор Азимов, футболбози навраси тоҷик дар оғози нимаи дуюми бозӣ барои ду корти зард майдонро тарк намуд, мунтахаби Тоҷикистон голи дуюмро ба самар расонд. Тӯбро ба дарвозаи қирғизҳо Рамз Амрохонов зад. Дар дақиқаҳои охири бозӣ ба бозигари мунтахаби Қирғизистон Гулҷигит Борубоев муяссар шуд, ки ҳисобро тағйир бидиҳад.

Дар бозии дигари гурӯҳи "А" шоми сешанбеи 23 июн мунтахаби Испания тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод ва амалан барои худ мақоми аввалро таъмин кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври охирини гуруҳи "А" 25 июн бо мунтахаби Қазоқистон рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе шуруъ хоҳад шуд. Футболбозони навраси тоҷикро барои он ки дар гуруҳи худ ҷойи дуюмро ишғол намуда, дар ин мусобиқа барои ҷойи сеюм мубориза баранд, дар бозӣ бо наврасони қазоқ натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 22 июн дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания (U-17) бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашта буд.

Ба гурӯҳи "В" дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомиланд. Ғолибони гуруҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош хоҳанд кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 6 ҳазор доллар мукофотонида мешавад. Ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

18
Барчаспҳо:
наврасон, 2-1, пирӯзи, ҷоми президент, бозӣ, ФФТ, Остона, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон