Мунтахаби наврасони тоҷик оид ба футбол. Акс аз бойгонӣ

Наврасони тоҷик аз мунтахаби Қазоқистон шикаст хӯрданд

32
(Таҷдидшуда 12:05 26.06.2015)
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон аз дастаи Қазоқистон дар Остона бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми гуруҳии мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими мизбонон бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт, менависад сомонаи ФФТ.

Ин бозӣ 25 июн доир шуд. Дар қисми аввали бозӣ, дар дақиқаи 26-ум Рамз Амрохонов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳисобро боз кард. Вале, Бортай, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 40+2 ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро ба дарвозаи футболбозони навраси тоҷик Таласбоев дар дақиқаи 80+7 зад.

Сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон менависад, ин мағлубияти наврасони тоҷик дар пайи худсарии довари бозӣ иттифоқ афтодааст.

Дар бозии дигари гуруҳи "А" рӯзи панҷшанбеи 25 июн мунтахаби Испания тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Ба ин тартиб, мунтахаби Испания бо 9 имтиёз дар гурӯҳи "А"мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон — Қазоқистон — бо 6 имтиёз дувум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон 22 июн дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашта, 23 июн дар даври дуюм бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада буд.

Ба гурӯҳи "В" дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомил буданд. Дар ин гуруҳ дастаҳои Озарбойҷону Гурҷистон 7-имтиёзӣ гирифтанд, таносуби тӯбҳояшон низ баробар аст — 4-1.

Ҳамин тариқ, ғолибони гуруҳҳо — Испания ва Озарбойҷон — ба бозии ниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 26 июн баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош хоҳанд кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молӣ маҳрум гашт, барои ҷойҳои 5-6-ум имрӯз, 26 июн, бо дастаи Русия-2 вориди рақобат мешавад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, 6 ҳазор доллар ва ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

32
Барчаспҳо:
маҳрумият, худсарӣ, довар, 2-1, мағлубият, наврасон, футбол, сабқат, Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Остона, Қазоқистон

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

133
(Таҷдидшуда 14:38 29.11.2020)
Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.

133
Барчаспҳо:
даъват, Маскав, Майк Тайсон, Русия
Логотип ФИФА, архивное фото.

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

151
(Таҷдидшуда 15:08 29.11.2020)
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тими миллии Гвинея Бисау дар ин рейтинг аз Тоҷикистон пештар ҷой гирифтааст, аммо дастаи Қазоқистон баъди Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор гирифтааст.

FIFA эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш ба 1143 расидааст.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст.

Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё ворид шуданд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

151
Барчаспҳо:
ФИФА, мавқеъ, мунтахаб, даста, рейтинг, Тоҷикистон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

70
(Таҷдидшуда 19:25 30.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

70
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон