Дилшод Назаров пирӯзи сабқати байналмиллалӣ дар Шветсия шуд

© AP / Matt DunhamДилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Назаров то ҳол танҳо варзишгари тоҷикест, ки барои бозиҳои Олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, роҳхат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати байналмиллалии навъи IAAF Hammer Throv Challenge дар шаҳри Карлштади Шветсия пирӯз шуд, менависад хабаргузории "Авеста".

Ҷойгоҳи аввалро Назаров бо нишонии 77,95 метр дарёфт кард. Намояндаи Бритониё Ник Миллер бо нишонии 77, 55 метр соҳиби нишони нуқра шуд. Нишони биринҷӣ бо партоби гурз ба масофаи 76,76 метр насиби Марко Лингваи италиявӣ шуд.

Ба ин тартиб бо дарёфти 235,60 имтиёз турзандози тоҷик дар ҷоёгоҳи дуввуми феҳрасти бештарин гурзандозҳои ҷаҳон қарор дорад. Ҷойгоҳи авваларо дар ин феҳраст ба гунаи қаблӣ варзишгари лаҳистонӣ Павел Фейдек дар ихтиёр дорад. Мавқеъи севвумро Кристиан Парс аз Маҷористон соҳиб аст.

Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон

Дилшод Назаров то ҳол танҳо варзишгари тоҷикест, ки барои бозиҳои Олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мешавад, роҳхат гирифтааст.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ вай дар мусобиқоти навъи Гран-при Оstrava golden spike дар Чехия ҷойгоҳи дуввумро соҳиб шуд ва ба ин тартиб барои худ роҳхат ба бозиҳои навбатии олимпиро дарёфт кард.

Дилшод Назаров дар се бозиҳои Олимпии қаблӣ ширкат кардааст: соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва дар соли 2012 дар Лондон.
Дар моҳи январи соли 2014 Дилшод Назаров ба симмати муъовини раиси Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии назди ҳукумати ҶТ таъйин шуд. Вай ҳамзамон раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0