Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф супурд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДилшод Назаров бо ордени "Шараф" сарфароз гардид. 28 августи соли 2015
Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров ордени Шараф супурд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ менависад, субҳи рӯзи 28 август райисҷумҳур шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногуни кишварро ба истиқболи солгарди 24-уми Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонд",- менависад манбаъ.

Аз ҷумла, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ 23 август дар Пекин медали нуқра ба даст овард, бо ордени Шараф дараҷаи дувум мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров соҳиби медали нуқра ва 30.000$ гардид

Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Дар тӯли 20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд.

Гурзандози маъруфи тоҷик барои медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар навъи олимпӣ бо 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи раисиҷумҳур мукофотонида хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, Дилшод Назаров барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 бо ҷоизаи сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон — ҷамъият ҶДММ "Ғаюр" сарфароз мегардад.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назарови 33-сола чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0