Бозии Паҳанг- Истиқлол

КФО-2015: “Истиқлол” шикаст хӯрд, аммо ба даври ниманиҳоӣ баромад

10
(Таҷдидшуда 09:55 17.09.2015)
Дар даври ниманиҳоӣ бошад, рӯзи 30 сентябр дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими “Кувейт” вориди рақобат мешавад, бозии ҷавобии ин ду даста дар пойтахти кишвар 21 октябр баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО-2015 аз дастаи "Паҳанг"-и Малайзия бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд, менависад сомонаи ФФТ.

Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 16 сентябар дар Куантани Малайзия сурат гирифт. Тӯби ягонаи дастаи "Истиқлол"-ро Хуршед Маҳмудов ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Аммо новобаста аз ин шикаст "Истиқлол" ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт, чун натиҷаи ду бозӣ 5:3 ба нафъи футболбозони тоҷик аст.

Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми КФО, ки 26 август дар Тоҷикистон баргузор шуд, "Истиқлол"  тими "Паҳанг"-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода буд.

Дар даври ниманиҳоӣ бошад, рӯзи 30 сентябр дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо тими "Кувейт" вориди рақобат мешавад, бозии ҷавобии ин ду даста дар пойтахти кишвар 21 октябр баргузор мегардад.

Тими "Истиқлол" таҳти роҳбарии сармураббӣ — Мубин Эргашев дар ҳайати шонздаҳ бозигар ба Малайзия рафта буд. Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Туйчиев; ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов ва нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев; Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

 

10
Барчаспҳо:
бозиҳои ниманиҳоӣ, футбол, дастаи "Паҳанг", тими "Истиқлол", Ҷоми КФО-2015, АФК-2015, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед Маҳмудов, Мубин Эргашев, Малайзия, Тоҷикистон

"Боз як Ҳабиб дар UFC": рекорди нави варзишгар дар 17 сония - видео

369
(Таҷдидшуда 14:41 20.09.2020)
Дар Лас-Вегас бозии UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкори чеченӣ дар ин намуди варзиш рекорди нав гузошт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Размикори чеченӣ Ҳамзат Чимаев, ки аз номи Шветсия мусобиқа мекунад, торафт машҳур мешавад.

Чанде пеш дар Лас-Вегасе мусобиқаи UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкор бори нуҳум паиҳам пирӯз шуд.

Чимаев бо варзишкори амрикоӣ Ҷералд Миршерт ба майдон баромад. Ин бозии басо тезутунд, танҳо чанд сония давом карду халос.

Чимаев бозиро бо худбоварии хос сар кард ва дар зарбаи якум ҳарифашро беҳуш намуд. Ва ин дар сонияи 17-уми мусобиқа!

Ин пирӯзӣ барои Чимаеве, ки торафт номитар мешавад, дар ММА 9-ум ва дар UFC 3-ум буд.

Ин тактикаи ғайримаъмулии Чимаевро дар муҳорибаҳои омехта бо Ҳабиб муқоиса намуда, ӯро боз як Нурмуҳаммедов дар саҳнаи UFC меноманд.

369

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1356
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1356
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0