Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

© Официальный сайт ФФТМунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (то 16 сола)
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (то 16 сола) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо ба даст овардани 6 хол дар се бозӣ мақоми дуюмро дар гуруҳи чаҳоргонаи хеш соҳиб шуд. Аммо ин нишондод имкон надод, то онҳо ба даври ниҳоӣ мусобиқот роҳ ёбанд.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ наёфтанд, менависад сомонаи ФФТ.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии сеюми ахири худ, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гуруҳи "С" таҳти идораи сармураббӣ — Зайниддин Раҳимов рӯзи 20 сентябр дар як рақобати шадид дастаи футрболбозони ҷавони Қатарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Тубро ба дарвозаи рақиб Зиёвуддин Фузайлов, футболбози ҷавони тоҷик ворид кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо ба даст овардани 6 хол дар се бозӣ мақоми дуюмро дар гуруҳи чаҳоргонаи хеш соҳиб шуд. Аммо ин нишондод имкон надод, онҳо ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёбанд.

Бахши ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гуруҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Дар баробари футболбозони тоҷик, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Туркманистон ҳам ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтанд, чун дар гуруҳи чаҳоргонаи худ мақоми охиринро соҳиб шуданд.

Дар миёни 11 дастае, ки дар мақоми дуюм қарор гирифтанд, Тоҷикистон бо фарқияти "-1" раддаи 7-умро соҳибӣ мекунад. Барои роҳ ёфтан ба мусобиқоти баъдӣ ба дастаи Тоҷикистон ҳамагӣ ду туб намерасад.

Лентаи хабарҳо
0