Бозии Истиқлол ва Регар-ТадАЗ

Ҳафт голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Равшан”

5
Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии нахустини марҳилаи нимниҳоии мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон тими "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод, менависад сомонаи ФФТ.

Ин бозӣ дирӯз, 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бозигарони "Истиқлол" дар қисмати аввали бозӣ 4 гол ва дар қисмати дуюм се тӯб вориди дарвозаи ҳариф сохтаанд. Хуршед Маҳмудов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Парвизҷон Умарбоев ва Манучеҳр Ҷалилов муаллифони голҳоянд.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

5
Барчаспҳо:
футбол, шикаст, бозӣ, "Равшан", "Истиқлол", Душанбе