Эмомалӣ Раҳмон дар бозии хоккей бо иштироки Владимир Путин

Раҳмон дар зодрӯзи Путин хоккей тамошо карда, аз ҳамтояш мухлисӣ кард

17
(Таҷдидшуда 22:09 12.10.2015)
Ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчии ӯ дар масоили робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллзода ва котиби матбуотияш, Абдуфаттоҳ Шарифзода ҳам бозии хоккейи Валадимир Путинро тамошо кардаанд.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тамошои бозии хоккей рафтааст, ки дар шаҳри Сочӣ баргузор шуда, зимни он ҳамтои руси ӯ Владимир Путин рӯйи ях баромад. Раисҷумҳури Русия бо ин навъ зодрӯзи худро қайд кард.

Тибқи аксҳои нашршуда ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчии ӯ дар масоили робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллзода ва котиби матбуоташ — Абдуфаттоҳ Шарифзода ҳам бозии хоккейи Валадимир Путинро тамошо кардаанд.

Ин ин бозӣ дар рӯзи мавлуди Владимир Путин, 7 октябр дар қасри бузурги хоккейи Сочи баргузор шуд. Шояд далели хотима ёфтани бозӣ ҳам бо ҳисоби 15-10 ба манфиати дастаи раисҷумҳури Русия ин бошад.

Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми бозии хоккей дар ҳайати дастаи “Ситораҳои НХЛ” (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ
© Sputnik / Нина Зотина
Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми бозии хоккей дар ҳайати дастаи “Ситораҳои НХЛ” (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ

Раисҷумҳури Русия 7 октябри соли равон, дақиқтараш ҳамагӣ ду рӯз баъд аз мавлуди Эмомалӣ Раҳмон ба синни 63-солагӣ қадам ниҳод. Дар робита донишомӯзони Федератсияи ҳунарҳои ҷангии вилояти Суғд Валадимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи таваллудашон табрик гуфтанд.

Ин 14 варзишгари тоҷик ба баландтарин нуқтаи кӯҳ, воқеъ дар канори рости Сирдарё- кӯҳи Муғул ба қуллаи Музбек, ки дар баландии 1624 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, баромада, ду раисҷумҳурро бо ҷашни зодрӯз ва қадам ниҳоданашон ба синни 63-солагӣ табрик гуфтаанд.

Аксҳои Раҳмон ва Путин болои қуллаи Музбек баланд бардошта шуд
Предоставил Геннадий Набиев
Аксҳои Раҳмон ва Путин болои қуллаи Музбек баланд бардошта шуд
17
Барчаспҳо:
хоккей, Путин, варзиш, Эмомалӣ Раҳмон, Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Сочӣ, Тоҷикистон, Русия