Хуршедҳ Маҷидов (аз чап якум) ҳамроҳ бо варзишгарони наврас. Акс аз бойгонӣ

Дзюдо: медалҳои тилло ва биринҷии варзишгарони тоҷик аз Тайван

14
(Таҷдидшуда 22:11 12.10.2015)
Дар ин даври сабқат Хуршед Маҷидов бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барандаи медали тиллои мусобиқот гардид.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Гуштигирони тоҷик Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар сабқати қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Тайван ду медал ба даст оварданд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилоъи манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардид.

Гӯштигири навраси тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин даври сабқат ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барандаи медали тиллои мусобиқот гардид.  

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни то55 кило дар даври аввал озод буд. Дар марҳилаи баъдӣ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гардида, аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайван байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок доштанд.

14
Барчаспҳо:
нишонҳои тиллоӣ ва бириниҷии паҳлавонони тоҷик, гуштии дзюдо, дзюдо, КМО ҶТ, сабқати Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, Баяман Сагибой Уулӣ, Алӣ Парҳезгар, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хуршед Маҷидов, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тайван

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

362
(Таҷдидшуда 18:12 22.11.2020)
Президенти UFC Дана Уайт эълони қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро, ки гуфт ҳама имконот барои бозгашти дубора ба майдонро рад кард, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Президенти UFC гуфтааст, минбаъд низ ба он боварӣ дорад, ки Ҳабиб бармегардад ва рекорди 30-0 сабт мекунад, ҳамон тавре ки падараш мехост.

"Ҳабиб бо Гетҷи охирин муборизаи хеле эҳсосотӣ дошт, аз ин рӯ ман ба бозгашти ӯ боварӣ дорам", - гуфтааст, Уайт.

Ӯ гуфтааст, дар ин масъала ҳоло ҳеҷ чиз ҳал нашудааст, аммо ба рушди ҳаводис нигариста шарт мебандад, ки Ҳабиб бармегардад.

"Ки рақиби ӯ хоҳад буд? Ин метавонад на танҳо Сен-Пейр бошад. Конор ва Порйе мубориза мебаранд, ҳамзамон Фергюсон ва Чандлер низ ҳастанд...",- гуфтааст Дана Уайт.

Номбурда гуфт, ҳоло интизор мешавем, ки Ҳабиб ин таваққуфро то кай нигоҳ дошта метавонад. Агар ӯ қарор диҳад, ки баргардад ва ин корро бикунад, пас ин бачаҳо омодаанд бо ӯ мубориза баранд, гуфт президенти UFC.

Санаи рақобати дуввуми собиқ ҳарифони Ҳабиб - Конор ва Порйе дақиқ шуд

Ёдовар мешавем, Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

362
Барчаспҳо:
бозгашт, муҳорибаи омехта, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Ожирение, архивное фото

Мубориза бо фарбеҳӣ: дар Ӯзбекистон ба назорати вазни мансабдорон шурӯъ мекунанд z

114
(Таҷдидшуда 14:59 22.11.2020)
Дар мақомоти Ӯзбекистон барои аз байр бурдани фарбеҳӣ сар аз соли оянда давоми рӯзи корӣ барои машқҳои гимнастикӣ вақти махсус ҷудо карда мешавад

ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Бино ба иттилои “УзА”, им мавзӯъ дар нишасти матбуотие, ки дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш садо дод.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳо оид ба таҳияи меъёрҳои арзёбии фарбеҳии мансабдорон ва роҳандозии системаи онлайнии мониторинг барои таҳлили натиҷаҳои ба даст овардашуда дар асоси рейтинг тартиб дода шуданд.

Тибқи фармони президент "Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ", роҳбарон, кормандони идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо ба тарбияи ҷисмонии фаъол ҷалб карда мешаванд ва барои онҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ин санад қайд шудааст, ки аз 1 январи соли 2021 онҳо вазифадоранд, ки ҳадди аққал як маротиба дар як ҳафта бо мақсади "коҳиш додани фарбеҳӣ ва беҳтар намудани саломатӣ" варзиш кунанд.

Ғайр аз ин, аз соли оянда сар карда, дар давоми рӯзи корӣ барои машқҳои гимнастикӣ вақти махсус ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар назар аст то 1 сентябри соли 2021 "Энсиклопедияи варзишҳои миллии варзишӣ ва бозиҳои халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон" омода ва нашр шавад.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Дар тоҷикстон бошад, чунин тасмими вижа набуд, аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳама кормандони сохторҳояш талаб карда буд, ки аз вазни зиёдатӣ халос шаванд ва ба намуди зоҳирии худ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. ВКД ҳатто ба кормандон муҳлат ҳам дода буд, ки ин камбудашонро ислоҳ кунанд.

 

114
Барчаспҳо:
мансабдорон, Ӯзбекистон, мубориза, фарбеҳӣ
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон