Фарҳод Муминов

Беҳтарин донишҷӯи хориҷии Адигей: аз тоҷик буданам мефахрам

36
(Таҷдидшуда 18:55 11.02.2016)
Фарҳод Муминов мегӯяд, ӯ ифтихор дорад, ки миёни донишҷӯёни 20 кишвари дунё дар Адигей ҷоизаи солро ҷавоне аз Тоҷикистон соҳиб шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Куҳнаварди машҳури тоҷик Фарҳод Муминов беҳтарин донишҷӯи хориҷии ҷумҳурии Адигей эълон шудааст. Дар ин бора худи Фарҳод Муминов дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.

Марҳалаи минтақавии Ҷоизаи миллии умумирусиягии "Донишҷӯи сол-2015" рӯзи панҷшанбе дар Адигей баргузор шуд. Донишҷӯи тоҷик аз сӯи номинатсияи "Донишҷӯи хориҷии сол" ҷойи якумро ишғол кардааст.

"Ин барои ман бисёр муҳим аст, чун дар ин ҷумҳурӣ донишҷӯён аз 20 кишвари дунё таҳсил менамоянд ва ман ифтихор дорам, ки ин ҷоизаро донишҷӯи Тоҷикистон соҳиб шуд", — афзуд, ӯ.

Фарҳод Муминов яке аз донишҷӯёни фаъоли тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Ӯ соли гузашта донишгоҳи Адигейро бо ихтисоси "табиатшинос" хатм кард ва ҳоло дар факултаи забонҳои хориҷии он омӯзиши худро идома медиҳад.

Ӯ яке аз куҳнавардони машҳури тоҷик ҳам аст, ки давоми 4 соли ахир парчами Тоҷикистонро дар беш аз 10 қуллаи ҷаҳон, аз ҷумла қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, барафрохтааст.

36
Барчаспҳо:
Адигея, Фарҳод Муминов, куҳнавард, донишҷӯ, тоҷик, Русия, ҷоиза, Тоҷикистон, Ҷоизаи сол, Фарҳод Муминов, Адигея, Тоҷикистон, Русия