Дар сабқати ниҳоии Ҷоми AFC панҷ “iPhone 6” ба бозӣ гузошта мешавад

© Фото : Официальный сайт ФФТБозигарони тими "Истиқлол"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони тими Истиқлол-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миёни мухлисон дар сабқати ниҳоии Ҷоми АФК-2015 панҷ телефони мобилии «iPhone 6» ба тариқи лоторея ба бозӣ гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Пас аз анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 миёни тимҳои  «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия, ки рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии  Душанбе баргузор хоҳад шуд, бозии лоторея доир мешавад, менависад сомонаи бошгоҳи варзишии футболи Душанбе.

Ба иттилои манбаъ чиптаҳобарои тамошои ин бозӣ, ки инчунин дар лотерея иштирок мекунанд, дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи бошгоҳии «Joma» воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 85, фурӯхта мешаванд. Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 50 сомонӣ, ба минбарҳои дигар — шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ — 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағи ҷоизаҳои Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) — мусобиқаи аз рӯи моҳият дуввуми бошгоҳии Осиё — 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ хориҷ кард ва бо сабаби хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Ҷоми AFC-2015: “Истиқлол” барои $350 ҳазор талош мекунад

Ҳамин тавр, бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки барои аввалин бор дар Ҷоми AFC ширкат меварзад, дар таърихи футболи тоҷик боз як саҳифаи тоза кушод. Ягон дастаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки аз ҷиҳати моҳият ҳамчун мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё дувум аст, ба чунин дастовард мушарраф нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0