Бозигарони тими Истиқлол-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шикасти “Парвоз” аз “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 8:0

4
(Таҷдидшуда 08:32 27.10.2015)
Дар ин бозӣ се голро ҳамлагари дастаи пешсафи мусобиқот- Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд ва ӯ бо 18 тӯби задааш дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар мақоми аввал қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми рӯзи гузашта дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат пазируфт, тими "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 8-0 шикаст дод.

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бозӣ се голро ҳамлагари дастаи пешсафи мусобиқот- Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд ва ӯ бо 18 тӯби задааш дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар мақоми аввал қарор дорад.

Панҷ тӯби боқимондаро бозигарон- Ромиш Ҷалилов, Бледа Родригес, Зиёвуддин Фузайлов, Умедҷон Шарифов ва Парвизҷон Умарбоев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тавр, дар ҷадвали мусобиқа "Истиқлол" бо 43 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Ба "Истиқлол" барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар се бозии боқимонда муқобили «Барқи тоҷик», «Равшан» ва «Хуҷанд» ба даст овардани танҳо як пирӯзии дигар басанда аст.

Дастаи "Хуҷанд"- Хуҷанд бо 36 имтиёз ва тими "Регар-ТадАз" бо 27 хол мутаносибан ҷойҳои дуввум ва саввуми ҷадвали мусобиқотро ишғол кардаанд.

Ҳоло тими  "Истиқлол" ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 (Конфедератсияи футболи Осиё), ки рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад.

4
Барчаспҳо:
пирӯзӣ бо ҳисоби бузург, пирӯзии тими пойтахт, сабқати лигаи олӣ, футбол, дастаи "Парвоз", тими "Истиқлол", ФФТ, Бледа Родригес, Ромиш Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон